Апрел 22, 2021 13:24 Asia/Dushanbe
  • Шоҳзода Ҳамза Бин Ҳусейн бародари нотании Малик Абдулло яке аз муттаҳамон ба тарроҳии ба тарроҳии кудето дар Урдун буд
    Шоҳзода Ҳамза Бин Ҳусейн бародари нотании Малик Абдулло яке аз муттаҳамон ба тарроҳии ба тарроҳии кудето дар Урдун буд

Урдун бо такмили раванди таҳқиқ дар бораи таҳаввулоти ахир дар ин кишвар эълом кард, ки 18 нафар дар иртибот бо талош барои кудетомуттаҳам шинохта шуда ва боздошт шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросо, хабаргузории расмии Урдун -Питро- ба нақл аз як мақоми додсарои умумии низомӣ дар Додгоҳи Амнияти ин кишвар эълом кард: "Бозҷӯӣ ва таҳқиқ аз муттаҳамони тарроҳии кудето ба поён расидааст ва парванда пас аз поёни мароҳили ниҳоии таҳқиқот ва бо риояти шароити қонунӣ ба додгоҳ фиристода мешавад."

Генерал Ҳозим ал-Маҷолӣ, қозии низомӣ ва додситони кулли додгоҳи  амнияти кишвари Урдун ҳам гуфтааст, ки додситони умумӣ таҳқиқоти худро дар робита бо ин парванда ба поён расонда аст.

Пеш аз ин расонаҳои Урдун эълом карда буданд, ки дар талош барои кудетои ахир дар ин кишвар 16 нафар, аз ҷумла раиси собиқи девони подшоҳии Урдун Босим Авазуллоҳ  ба иттиҳоми саъй дар ноамнӣ кардани кишвар боздошт шуданд ва шоҳзода ва валиаҳди пешини Урдун Ҳамза Бин Ҳусейн низ ба даст доштан дар ин қазия муттаҳам шуд.

Ин дар ҳолест, ки шоҳзода Ҳамза иттиҳоми талош барои кудеторо такзиб кард ва сипас бо миёнаравии амаки шоҳи Урдун дар номае вафодории худро ба кишвари Урдун ва подшоҳ эълом кард.

 

Барчасп