Даъвати Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба интифозаи Рамазон
(last modified Sun, 25 Apr 2021 11:32:35 GMT )
Апрел 25, 2021 16:32 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ба интифозаи Рамазон
    Даъвати Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ба интифозаи Рамазон

Узви дафтари сиёсии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар вокуниш ба таҷовузоти ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Қудс, аҳолии ин шаҳр ва дигар фаластиниҳоро ба мушорикат дар интифодаи Рамазон даъват кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Муҳаммад  ал-Ҳиндӣ» узви Дафтари сиёсии ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ гуфт: Аҳолии Қудс бо интифозаи худ, озодагони уммати ислом ва ҷаҳонро ба расво кардан ин режими ғосиб ва нажодпараст ташвиқ мекунанд, режиме, ки ҷиноёти хушунатомез алайҳи аҳолии Қудс муртакиб мешавад. 

 

Узви дафтари сиёсии ҷиҳоди исломӣ тасреҳ кард, даҳҳо гурӯҳи ҷинояткори саҳюнистӣ вуҷуд доранд, ки касе онҳоро гурӯҳи террористӣ намехонд, аммо ҷаҳони демократӣ ва бархе сарони араб, муқовимати Фаластинро террористӣ медонанд. 

Ал-Ҳиндӣ дар идома тамоми аҳолии Коронаи Бохтариро ба интифоза фарохонду хостори ҷиддӣ будани ташкилоти худгардон дар муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ шуд. 

Созмони Ҳилоли аҳмари Фаластин эълом кард, дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба атрофи минтақаи қадимӣ дар Қудси ишғолӣ, 12 нафар аз фаластиниён захмӣ шуданд. 

Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Фаластин шаби панҷшанбе низ эълом кард, дар даргириҳои низомиёни саҳюнист бо ҷавонони фаластинӣ беш аз 105 фаластинӣ захмии ва 12 тан аз онон ба бемористон мунтақил шуданд. 
  
  
  
  Бештар бихонед: