Эрдуғон: Суханони Байден равобити Анкара ва Вашингтонро коҳиш медиҳад
(last modified Tue, 27 Apr 2021 04:56:05 GMT )
Апрел 27, 2021 09:56 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон суханони Байденро дар бораи рӯйдодҳои 24 апрели соли 1915 беасос хонд
    Эрдуғон суханони Байденро дар бораи рӯйдодҳои 24 апрели соли 1915 беасос хонд

Раиси Ҷумҳурии Туркия, изҳороти ахири Ҷо Байденро дар бораи наслкушии арманиҳо омили коҳиши равобит миёни кишвараш бо Амрико хонд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаби Тайиб Эрдуғон бо ишора ба мавзеи ахири ҳамтои  амрикоиаш дар бораи куштори арманиҳо дар соли 1915 аз ҷониби Империяи Усмонӣ ишора карда гуфт:  Мавқеи Амрико дар ин рӯйдоди таърихӣ бо сабаби гурӯҳҳои фишоровар аст, аммо ҳеҷ далеле барои тасдиқи инҳо вуҷуд надорад ва аз ин масъала барои ангезаҳои сиёсӣ истифода мешавад.  

 Раҷаб Тайиб Эрдуғон афзуд: Байден иборатҳоеро истифода кард, ки моро озурда ва ин изҳороти ношоиста ва беасос ва дар натиҷа фишори маҳофили армании радикол ва гурӯҳҳоест, ки талош мекунанд бар Туркия  фишор ворид оваранд.   


Раиси Ҷумҳурии Туркия дар идома афзуд: Мо аз пажӯҳишгарон даъват кардем то кумитае барои баррасии архиви усмониҳо дар бораи ин ҳодиса ташкил диҳанд, аммо ҳеч кас ба он посух нагуфт. 

Эрдуғон изофа кард: Мавзеи Вашингтон дар баробари масаъалаи Фатҳуллоҳи Гулен ва низ мушакҳои Ас - 400 ва низ изҳороти ахири Ҷо Байден сабаби коҳиши равобити Туркия ва Амрико шудааст. 

Раиси Ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден рӯзи шанбе  воқеаҳои соли 1915 байни Арманистону императории вақти усмониро " наслкушӣ " хонду суннати деринаи руасои ҷумҳурии Амрико  мабнӣ бар худдорӣ аз истифода аз ин истилоҳро нақз кард. 
  
 Бештар бихонед: