Октябр 24, 2016 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дидбони ҳуқуқи башар: Ҳамла ба масҷиди Доқуқи Ироқ баррасӣ шавад

Дидбони ҳуқуқи башар хостори таҳқиқ ва тафаҳҳус дар бораи ҳамлаи ҳавоӣ ба масҷиде дар шаҳри Доқуқи Ироқ шуд.

Ба гузориши "Associated Press", Дидбони ҳуқуқи башар, рӯзи душанбе хостори таҳқиқ ва тафаҳҳус дар бораи ҳамлаи ҳавоӣ ба масҷиде дар шаҳри Доқуқ, дар устони Каркуки Ироқ шуд, ки ба кушта шудани дастикам 25 зан ва кудаки ироқӣ ва захмӣ шудани 45 нафари дигар анҷомид.

Ин ҳамла, маросими занонаи сугворӣ барои имом Ҳусайн (ъ)-ро дар масҷиди шаҳри шианишини Доқуқ, дар 40 километрии ҷануби Каркук ҳадаф қарор дод.

Дидбони ҳуқуқи башар таъкид кардааст, бо тавваҷуҳ ба талафоти ғайринизомиён ва набуд ҳечгуна ҳадафи низомӣ дар наздикии ин масҷид, тарафи масъули ҳамла, бояд дар бораи ин ҳодиса ба унвони нақзи қавонини ҷанг, таҳқиқ кунад ва ёфтаҳоро гузориш диҳад.

Хабари дигар аз Ироқ ин ки курдҳои ин кишвар, иддаои давлати Туркияро дар бораи мушорикат дар амалиёти озодсозии Мӯсил такзиб карданд.

Шабакаи телевизионии Алиттиҳод гузориш дод, Ғиёс Турҷӣ яке аз фармондеҳони аршади пешмаргҳо гуфт, ин нерӯ ҳаргиз аз артиши Туркия тақозои кумак накарда ва аз низомиёни турк нахостааст, марокизи ДИИШ-ро дар дохили минтақаи Баъшиқа гулӯлаборон кунанд.

Ин фармондеҳ афзуд, артиши Туркия рӯзи гузашта, 10 гулӯлаи туб шиллик кард ва дар ҳоле, ки бар хилофи иддаои Туркия ҳеч як аз нерӯҳои ДИИШ дар ин гулӯлаборонҳо кушта ё захмӣ нашудааст, Анкара талош мекунад пирӯзиҳои нерӯҳои амниятии ироқиро ба нафъи худ мусодира кунад.

 

 

Барчасп