Мақоми Саудӣ гуфтугӯҳои Теҳрону Риёзро таъйид кард
(last modified Sat, 08 May 2021 12:44:40 GMT )
Май 08, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Ин аввалин бор аст, ки Риёз гуфтугӯҳои мустақим бо Эронро таъйид мекунад
    Ин аввалин бор аст, ки Риёз гуфтугӯҳои мустақим бо Эронро таъйид мекунад

Як мақоми вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудии ҳадаф аз гуфтугӯ байни Теҳрону Риёзиро костан аз танишҳо дар минтақа арзёбӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерс,  Рейд Каримлӣ гуфту гӯҳои Теҳрону Риёзро таъйид ва ибрози умедворӣ кард, ин гуфтугӯҳо натиҷа диҳад, ҳар чанд ҳанӯз барои қазоват дар бораи натиҷа гуфтугӯҳо хеле зӯд аст.

Ин аввалин бор аст, ки Риёз гуфтугӯҳои мустақим бо Эронро таъйид мекунад.

Рӯзномаи "Financial Times", 18 апрели гузашта дар гузорише ба нақл аз се мақоми Саудӣ, муддаии музокироти мустақим миёни мақомҳои аршади Арабистони Саудӣ ва Эрон ва талош барои беҳбуди равобит байни ин ду кишвар шуд.

Тибқи ин гузориш, музокироти мустақими мақомҳои Саудӣ ва Эрон дар Бағдод ва баъд аз гузашти панҷсол аз қатъи равобити дипломатии Риёзу Теҳрон сӯрат гирифт.

Саиъди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам нӯздаҳуми апрел дар бораи ахбори мунташир шуда дар хусӯси гуфтугӯи Эрон ва Арабистон гуфт, Эрон ҳамвора аз гуфтугӯ бо подшоҳии Саудӣ истиқбол кардааст ва онро ба нафъи мардуми ду кишвар ва сулҳу суботи минтақа медонад.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ҳам ахиран дар мусоҳиба бо Ал Арабия, ибрози умедвор кард, кишвараш битавонад бо кишвари ҳамсоя – Эрон, робитаи хубе дошта бошад.

Бештар бихонед: