Ҷинояти саҳюнистҳо дар Масҷид-ул-Ақсо 215 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт
Низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба саҳнаҳои Масҷид-ул-Ақсо ва ҳадаф қарор додани намозгузорон ва эътирозкунандагони фаластинӣ, садҳо нафарро захмӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи ал-Маёдин; саҳнаҳои Масҷид-ул-Ақсо аз субҳи рӯзи душанбе бори дигар шоҳиди юриши низомиёни саҳюнист ба намозгузорони фаластинӣ барои ҳимоят аз шаҳракнишинон будааст.
Бар асари ин ҳамалот токунун дастикам 215 фаластинӣ захмӣ шудаанд.
Манобеи маҳаллӣ аз таҷаммӯи шумори зиёде аз намозгузорони фаластинӣ дар саҳнҳои Масҷид-ул-Ақсо барои муқобила бо вуруди ғайриқонунӣ ва ҳамалоти шаҳракнишинон хабар дода ва эълом кардаанд: Ишғолгарон барои пароканда кардани намозгузорон аз гази ашковар, гулӯлаҳои пластикӣ ва бомбаҳои садоӣ оташ кушоданд ва Масҷиди Ал-Ақсоро иҳота карданд.
Шаби гузашта низ дар идомаи ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба фаластиниҳо дар маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси шарқӣ дасти ками 14 фаластинӣ маҷрӯҳ шуданд.
Бештар бихонед: