Май 10, 2021 21:03 Asia/Dushanbe

Низомиёни саҳюнист аз субҳи имрӯз токунун бо юриш ба Масҷид-ул-Ақсо ва намозгузорони фаластинӣ қиблаи аввали мусулмонони ҷаҳонро ба майдони ҷанг табдил кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории фаластинии Шаҳоб гузориш дод: Низомиёни саҳюнист бо тирандозии мустақим ба сӯи фаластиниҳо ва зарбу шатми шадиди онҳо талош мекунанд шароитро барои юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба Масҷид-ул-Ақсо фароҳам кунанд. 

Дар ин даргириҳо токунун даҳҳо фаластинӣ захмӣ шудаанд ва як нафар низ ба шаҳодат расидааст. 

Шароити ҷангӣ дар масҷид-ул-Ақсо ва атрофи он

 Ба гуфта манобеи фаластинӣ ва шоҳидони айнӣ, саҳюнистҳо бо қасовати тамом бо истифода аз ҳар гуна  силоҳ дар ҳоли саркӯби шаҳрвандон ва мардуми бедифои Фаластин ҳастанд. 

Дар атрофи Масҷид-ул-Ақсо  ҳам як шаҳракнишини саҳюнист як фаластиниро зер гирифтааст, ки боиси захмӣ шудани вай шудааст. 

Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ дар гузорише эълом кард, ки имрӯз  дастикам  250 фаластинӣ дар даргирӣ бо низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо захмӣ шудаанд.

Шароити ҷангӣ дар масҷид-ул-Ақсо ва атрофи он 
Шароити ҷангӣ дар масҷид-ул-Ақсо ва атрофи он
Шароити ҷангӣ дар масҷид-ул-Ақсо ва атрофи он
Шароити ҷангӣ дар масҷид-ул-Ақсо ва атрофи он
Шароити ҷангӣ дар масҷид-ул-Ақсо ва атрофи он

Бештар бихонед:

Барчасп