Май 11, 2021 08:59 Asia/Dushanbe
  • Сабаби ин даргириҳо афзоиши ҷиноятҳои Исроил алайҳи фаластиниҳои муқими Байтулмуқаддас аст
    Сабаби ин даргириҳо афзоиши ҷиноятҳои Исроил алайҳи фаластиниҳои муқими Байтулмуқаддас аст

Вазорати тандурустии Борикаи Ғазза эълом дошт, ки дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба ин Борика 22 нафар ба шаҳодат расиданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси баёнияи Вазорати тандурустии Борикаи Ғазза, аз ин шаҳидон 9 нафар кӯдак ҳастанд. 

Пас аз ҳамлаи мушакии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ба мавозеъи артиши режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва шаҳракҳои саҳюнистнишини атрофи Ғазза, саҳюнистҳо бо ҳамлаи хумпораӣ ба бахшҳое аз Борикаи Ғазза  ғайринизомиёнро ҳадаф қарор доданд. 

Фармондеҳии утоқи муштараки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин  асри рӯзи  душанбе дар баёнияе ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод то соати шаш  ба вақти маҳаллӣ нерӯҳо ва мутаҷовизон ба Масҷид-ул-Ақсо ва маҳаллаи Шайх  Ҷарроҳро аз маҳал хориҷ ва тамоми афроди боздоштшударо озод кунад. 

Ҳамзамон бо итмоми зарбулаҷали гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, манобеи хабарӣ аз ҳамла ба мошинҳои низомии режими саҳюнистӣ дар шимоли Борикаи Ғазза ва тирандозии даҳҳо мушак ба самти Қудси ишғолӣ хабар доданд.

Манобеи расонаии режими саҳюнистӣ низ ин ҳамлаи мушакиро таъйид карданд. 

Ҳамзамон бо ин ҳамла, шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин  ҳам эълом кард, ки бо 30 ҳавопаймои мушакӣ  шаҳраки саҳюнистии Сдиротро низ ҳадаф қарор додааст. 

Омили ин даргириҳои ҷадид, афзоиши ҷиноятҳои низомиёни исроилӣ алайҳи фаластиниҳои сокини Қудс аз оғози моҳи мубораки Рамазон токунун аст. 

Режими Исроил дар садад аст бо овора кардани шаҳрвандони фаластинии сокини Қудс, хонаҳои онҳоро мусодира кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп