Май 14, 2021 19:18 Asia/Dushanbe
  • дар ин урдугоҳ 70 ҳазор овора зиндагӣ мекунанд, ки 400 нафари онон тоҷикистонӣ ҳастанд
    дар ин урдугоҳ 70 ҳазор овора зиндагӣ мекунанд, ки 400 нафари онон тоҷикистонӣ ҳастанд

Урдугоҳи Ал-Ҳул дар вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия, ки маҳалли нигаҳдории тақрибан 400 занону кӯдакони тоҷик аст, дучори оташсӯзи шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, Мадина яке аз занони тоҷики ин урдугоҳ (лагер) бо таъйиди вуқӯъи сӯхтор дар 5 чодари занону кӯдакони тоҷикистонӣ гуфтааст, ки ба ҳеч як аз онон осеб нарасидааст ва осебдидагони ин ҳодиса аз миллиятҳои дигар ҳастанд. 

Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт низ, ки мавзӯи бозгардондани занону кӯдакони тоҷикро аз ин урдугоҳ пайгирӣ мекунад вуқӯъи ин оташсӯзиро таъйид кардааст. 

Дар ин урдугоҳ, ки дар назорати гурӯҳҳои курди сурист 70 ҳазор овора зиндагӣ мекунанд, ки 400 нафари онон тоҷикистонӣ ҳастанд. 

Гуфта мешавад, ки мушкили бозгардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ба кишварашон, монеътарошии гурӯҳҳои курди сурист, ки тобеъи ҳукумати Башшор Асад нестанд ва гуфтаанд, ки онон бояд бо ҳамоҳангии ҳукумати худмухтори Арбили Ироқ аз ин урдугоҳ хориҷ шаванд. 

Мақомоти Тоҷикистон ба чанд Созмони байналмилалӣ пешниҳод кардаанд, ки кори хориҷ кардан ин афродро бар ӯҳда бигиранд, аммо ҳанӯз посухи мусбате ба ин пешниҳод дода нашудааст. 

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки наздик ба ду ҳазор нафар аз атбоъи ин кишвар дар солҳои 2014 то 2016 бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ба вижа  ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. 

Дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ наздик ба 400 нафар аз ин афрод кушта шуда ва занону кӯдакони онон  дар ин  ду кишвари арабӣ мондаанд. 
  
    
  Бештар бихонед:

Барчасп