Май 17, 2021 16:46 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамлаҳо аз рӯзи душанбе дастикам 58 кӯдак кушта шуданд
    Дар ҳамлаҳо аз рӯзи душанбе дастикам 58 кӯдак кушта шуданд

Рӯзномаи фаронсавии Liberation бо ишора ба ҷинояти режими ишғолгари саҳюнистӣ дар куштори мазлумонаи кӯдакони Ғазза навиштааст: Кӯдакони Ғазза аз тарси таркиш дастони хурди худро дар хоби худ дар гӯшҳои худ гузоштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, рӯзномаи фаронсавии Liberation бо ишора ба куштори кӯдакон дар ҳамалоти мушакии Исроил ба Ғазза навишт: аз рӯзи душанбе то кунун дасти ками 58 кӯдак дар ин ҳамалот  ҷон бохтаанд. 

Ин рӯзномаи фаронсавӣ меафзояд: Кӯдакону навҷавонон дар Ғазза аз соли 2008 токунун дар маърази тарсу шоки ношӣ аз бомбаборонҳои Исроил қарор доштаанд.

Liberation изофа кард: Пайкарҳои ғарқ дар хуне, ки пушти мошинҳои боркаш рӯи ҳам қарор гирифтаанд, сохтмонҳои вайроншуда, аҷсоди кӯдакони хоколуда ва хунин, ки дар миёни ашкҳо ва фарёдҳо аз зери оворҳо берун оварда мешавад гӯшае аз хушунатҳои Исроил алайҳи мардуми Ғазза аст, ки хашму инзиҷори байналмилалиро барангехтааст. 

Сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз оғози моҳи ҷадиди мелодӣ ( май ) шоҳиди даври тозаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп