Май 17, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ 218 шаҳид ва беш аз 5 604 маҷрӯҳ ба ҷой гузоштанд
    Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ 218 шаҳид ва беш аз 5 604 маҷрӯҳ ба ҷой гузоштанд

Вазорати тандурустии Фаластин эълом кард: Дар пайи таҷовуз ва ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири режими саҳюнистӣ ба мардуми Фаластин дар Навори Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ 218 тан шаҳид ва беш аз 5 ҳазору 6ғ4 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории «Вафо»; Вазорати беҳдошти Фаластин  рӯзи душанбе эълом кард: Теъдоди шуҳадо дар Ғазза ба 197 нафар афзоиш ёфтааст,  ки дар миёни онҳо 58 кӯдак ва 34 зан ҳузур доранд ва теъдоди маҷрӯҳон дар навори Ғазза низ ба 1235 нафар расидааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин теъдоди шуҳадоии Карона Бохтарӣ ва Қудсро 21 нафар ва теъдоди маҷрӯҳони онро ҳам беш аз 4369 нафар эълом кард. 

Бар асоси ин гузориш, режими саҳюнистӣ токунун 90 сохтмон, аз ҷумла  се бурҷи маскуниро дар Ғазза тахриб кардааст. 

Даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ аз душанбеи ҳафтаи гузашта ва пас аз поёни муҳлати муқовимати Фаластин ба Тел-Авив  мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти ин режим дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шудааст. 

Муқовимати Фаластин дар посух ба ҳамалот ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ, шаҳракҳо ва фурудгоҳҳои режими саҳюнистиро мушакборон кардааст, ки дар ин ҳамалот 10 саҳюнист ба ҳалокат расидаанд ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп