Октябр 26, 2016 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояти ҷадиди ДИИШ дар Мусили Ироқ

Гурӯҳи террористии ДИИШ шуморе аз зиндониёнро дар Мусил, маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ эъдом кард.

Манбаи маҳаллии ироқӣ ба хабаргузории русии Спутник гуфт, гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи сешанбе наслкушии дигареро дар ҳаққи шаҳрвандони ғайринизомии зиндонӣ дар Мусил, дуввумин шаҳри пурҷамъияти Ироқ муртакиб шуд ва ҷинояти дигаре дар феҳристи ҷиноёти худ сабт кард .

Ин як манбаи маҳаллии ироқӣ афзуд, ДИИШ 23 нафар аз шаҳрвандони ғайринизомӣ ва низомии ироқиро каме пас аз боздошт ба сабаби ҳамкорӣ бо нерӯҳои ироқӣ эъдом кард.

Ин манбаъ, ки нахост, номаш фош шавад, тасреҳ кард, афроди эъдомшуда бадасти аносури террористии ДИИШ ба эҳтимоли зиёд дар зиндони "Телалроман" дар ғарби шаҳри Мусил боздошт буданд .

Иқдоми аносури ДИИШ дар эъдоми зиндониёни ироқӣ ношӣ аз шикаст дар ҷарёни амалиёти озодсозии Мусил аст .

Амалиёти озодсозии Мусил аз 17-и октябр бо фармони нахуствазири Ироқ оғоз шуд ва даҳҳо ҳазор нафар аз нерӯҳои артиш ва полиси Ироқ бо ҳамроҳии нерӯҳои басиҷи мардумӣ ва пешмаргаҳои курд, аз меҳварҳои мухталиф ба самти Мусил, маркази таҳаррукоти ДИИШ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд .