Муҳандис Яҳё Айёш чӣ касе буд?
(last modified Tue, 18 May 2021 12:29:21 GMT )
Май 18, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Лақаби Яҳё Айёш, муборизи саршиноси фаластинӣ муҳандис буд
    Лақаби Яҳё Айёш, муборизи саршиноси фаластинӣ муҳандис буд

Яҳё Айёш (Yahya Ayyash), ки номаш бар мӯшакҳои пешрафтаи фаластинӣ ниҳода шуда ва камари режими сар то по мусаллаҳи саҳюнистиро шикаста, кист?

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Яҳё Айёш (зодаи 22 феврали 1966 - даргузашта 5 январи 1996), аз фаъолон дар ҳавзаи электронӣ ва узви шохаи Иззуддин Қасом буд.

Яҳё пеш аз вурӯд ба мактаб, рухонии Қуръонро фаро гирифт ва аз шашсолагӣ таҳсилоти худро оғоз кард.

Ӯ дар ниҳоят мадраки коршиносии риштаи шимиро аз Донишгоҳи Бирзит дарёфт кард.

Вай дар чорчӯби мубориза бо ишғолгарони Қудси шариф, бо истифода аз тахассуси худ дар муддати кӯтоҳе ба муваффақиятҳои чашмгире дар тарроҳӣ ва сохти маводи тарканда даст ёфт ва бо ташкили шохаи низомии Ҳамос мавсӯм ба гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қасом, набарди ҷиддии худро оғоз кард.

Айёш дар муддати 5 сол худро то сатҳи душмани шумораи як режими саҳюнистӣ боло кашид ва масъулияти кушта ва захмӣ шудани беш аз 500 тан аз саҳюнистҳоро ӯҳдадор шуд.

Вай дар панҷи январи 1996 дар асари инфиҷори бомбе, ки исроилиҳо дар гӯшии телефони ҳамроҳаш кор гузошта буданд, шаҳид шуд.

Лақаби Яҳё Айёш муҳандис буд.

 

Бештар бихонед: