Май 21, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Ироқ: Устуворӣ, шуҷоат ва азамати муқовимат, пирӯзии Фаластинро нишон дод
    Ҳизбуллоҳи Ироқ: Устуворӣ, шуҷоат ва азамати муқовимат, пирӯзии Фаластинро нишон дод

Ҳизбуллоҳи Ироқ таъкид кард, пирӯзии миллат ва муқовимати Фаластин бо устуворӣ, шуҷоат, иттиҳод, рушд ва азамату талошҳои истисноии Муқовимати Фаластин ҳосил шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Ҳизбуллоҳи Ироқ дар баёнияи кӯтоҳ  зимни табрики " пирӯзии торихии муқовимати Фаластин " тасреҳ кард, Ғазза дар ҳоле тавонист режими саҳюнистиро шикаст диҳад, ки қавитарин артишҳои ҷаҳон аз ин нерӯи  шар ҳимоят мекарданд.

 Муовини дабири кулли «Наҷбо»-и Ироқ "Наср Аш-Шамрӣ" низ бо ишора ба пирӯзии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин бар режими саҳюнистӣ, гуфт, набарди «Шамшери Қудс» мувозинаи қудратро ба нафъи гурӯҳҳои муқовимати Фаластини тағйир дод. 

Дар пайи гузашти 11 рӯз аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва нотавонии артиши ин режим дар рӯёрӯӣ бо ҳамалоти мушакии гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, оқибат бо исрори Кобинаи Исроил ва дахолати бархе тарафҳои хориҷӣ дар ин бора, аз соати 2 бомдоди имрӯз  ҷумъа, оташбас миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ва режими саҳюнистӣ барқарор шуд ва миллати Фаластин  пирӯзии муқовиматро ҷашн  гирифтанд. 

Режими саҳюнистӣ бар хилофи пешбиниҳои худ, тайи ин муддат бар асари ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат, тавони зерсохтӣ, саноатӣ ва иқтисодии худро аз даст дод ва ба шиддат аз лиҳози равонӣ осеб дид ва барои идомаи ҳамалоти ҷинояткоронаи худ алайҳи мардуми Фаластин дучори нотавонӣ шуд. 

Мардуми Ғазза шаби гузашта ҳамзамон бо эъломи оташбас аз сӯи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба хиёбонҳо омада ва ва аз шикасти гегемонияи саҳюнистӣ шод шуданд ва аз манораҳои масҷидҳо  бонги Аллоҳу Акбар  сар доданад. 

 
  
  Бештар бихонед:

Барчасп