Ҷангандаҳои эътилофи саъудӣ Яманро бомбаборон карданд
(last modified Sun, 23 May 2021 06:58:51 GMT )
Май 23, 2021 11:58 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саъудӣ дар 24 соъати гузашта 128 мартаба оташбаси устони Алҳудайдияро поймол кардааст .
    Эътилофи саъудӣ дар 24 соъати гузашта 128 мартаба оташбаси устони Алҳудайдияро поймол кардааст .

Ҷанганда-бомбаафканҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ борҳо манотиқе аз Яманро бомбаборон карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Яман ( Сабо ), ҷангандабомбаафканҳои эътилофи саъудии соъатҳои гузашта шаҳристонҳое аз устони Маъарибро борҳо бомбаборон карданд .

Бар асоси ин гузориш ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ ҳамчунин дар 2 навбат манотиқе дар устони Ҳиҷҷаро ҳадаф қарор доданд .

Пеш аз ин низ дар ҳамлаи ҳавоии эътилофи саъудӣ ба устони Саъда, воқеъ дар шимоли ғарби Яман се ғайринизомӣ кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд.

  Ҳамчунин бинобар эъломи манобеи низомии Яман, эътилофи саъудӣ дар 24 соъати гузашта 128 мартаба оташбаси устони Алҳудайдияро поймол кардааст .

Арабистони саъудӣ ва муттаҳидонаш аз марти 2015 ва гузашти беш аз чаҳор сол куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман ба далели муқовимати мардуми ин кишвар натавонистанд ба аҳдофи худ дар Яман бирасанд.

 

  Бештар бихонед :