Озодии манотиқи дигаре дар Мусили Ироқ
(last modified Wed, 26 Oct 2016 15:00:07 GMT )
Октябр 26, 2016 20:00 Asia/Dushanbe
  • Озодии манотиқи дигаре дар Мусили Ироқ

Неруҳои ироқӣ дар даҳумин рӯзи амалиёти озодсозии Мусил, муваффақ шуданд ҳафт минтақаи дигарро дар атрофи ин шаҳр аз ишғоли ДИИШ озод кунанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал-Олам, нерӯҳои ироқӣ рӯзи чаҳоршанбе илова бар озодсозии ҳафт рустои дигар дар атрофи Мусил - маркази устони Найнаво ва расидан ба фосилаи дукилометрӣ аз ин шаҳр, таъсисоти корхонаи гази наздики садди Мусилро аз ишғоли ДИИШ хориҷ карданд.

Дар айни ҳол, неруҳои пешмарга дар идомаи пешравии худ дар шаҳристони Баъшиқа, контроли рустои Диёрбакро ба даст гирифтанд.

Нерӯҳои мубориза бо тероризми Ироқ низ наздики Мусил мустақар шуда ва худро барои ҳамла ба маркази Мусил омода мекунанд.

Шабакаи Русия ал-явм низ гузориш дод, дар амалиёти Мусил, гурӯҳи террористии ДИИШ бо истифода аз тактикаҳои мухталифи ҷангӣ, назири мошинҳои бомбагузоришуда ва кандани тунел ва истифода аз сипарҳои инсонӣ саъй мекунанд фишорҳоро бар худ дар коҳиш диҳанд.

Амалиёти озодсозии Мусил аз душанбеи ҳафтаи гузашта бо фармони Ҳайдар ал-Ибодӣ - нахуствазири Ироқ оғоз шуд.