Ҳузури пуршӯри мардуми Сурия дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар
(last modified Wed, 26 May 2021 14:59:08 GMT )
Май 26, 2021 19:59 Asia/Dushanbe

Манобеи расонаӣ аз ҳузури чашмгири мардуми Сурия дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал Майдин, нозирон, ин интихоботро пас аз ҷанги 10 солаи ниёбатии гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва пирӯзии размандагони муқовимат, намоде аз истиқлолу мушорикати мардум дар таъини сарнавишти ин кишвар арзёбӣ карданд.

Мардуми Сурия имрӯз дар пойи сандӯқҳои раъй ҳозир шуданд то раисиҷумҳури ояндаи худро аз байни се номзад интихоб кунанд.

Бо тавваҷуҳ ба боло будани омори мушорикати мардуми Сурия дар ин интихобот теъдоди сандӯқҳои раъй дар бархе устонҳо ба иллати боло будани теъдоди раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ афзоиш ёфт.

Хабаргузории Ionews дар сафҳаи Телеграми худ тасовире аз азимати густардаи мардум барои ҳузур дар пойи сандӯқҳои раъй ва  ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Сурия мунташир кард.

Башор Асад, раисиҷумҳури феълӣ ва номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Сурия ба ҳамроҳи ҳамсари худ, раъйи худро дар шаҳри Думо дар атрофи Димишқ ба сандӯқ андохт.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Сурия аз соъати ҳафти субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар тамомии устонҳои ин кишвар оғоз шуд.

Бештар бихонед: