“Ню-Йорк Таймс”: Онҳо фақат кӯдак буданд
(last modified 2021-05-29T15:04:15+00:00 )
Май 29, 2021 20:04 Asia/Dushanbe
  • Ню-Йорк Таймс рӯзи 28 май акс ва номи 64 кӯдак, ки дар ҷанги ахири Исроил алайҳи мардуми Ғазза шаҳид шуданд дар сафҳаи нахусти худ мунташир кард
    Ню-Йорк Таймс рӯзи 28 май акс ва номи 64 кӯдак, ки дар ҷанги ахири Исроил алайҳи мардуми Ғазза шаҳид шуданд дар сафҳаи нахусти худ мунташир кард

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс”, аксҳои 64 кӯдаки фаластиниро, ки дар ҷанги 12 режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ба шаҳодат расиданд, дар сафҳаи нахусти худ мунташир кард.

“Ню-Йорк Таймс” рӯзи ҷумъа дар гузорише бо унвони «онҳо фақат кӯдак буданд», навишт: «мунтақидон, теъдоди зиёди кӯдакони кушта шударо гувоҳи беҳадаф ва кӯр будани ҳамлаҳои ҳавоии Исроил медонанд.»

Бинобар оморҳои мунташир шуда дар ҷанги 11 рӯзаи Исроил алайҳи Навори Ғазза ҳаддиақал 67 кӯдак шаҳид шуданд.

Низомиёни ишғолгари саҳюнист аз 10 майи 2021 ҳамлаҳои ваҳшиёнаеро алайҳи Борикаи Ғазза оғоз карданд, ки бар асари он 248 фаластинӣ, аз ҷумла 69 кӯдак, 39 зан ва 17 солхурда ба шаҳодат расиданд ва 1910 нафар низ захмӣ шуданд.

Оташбас байни режими Исроил ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ рӯзи 21 май барқарор шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп