Октябр 27, 2016 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мухолифатҳо бо идомаи узвияти Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башар

Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар баёнияе таҳаррукоти анҷомгирифта барои узвияти муҷаддади режими саудӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милалро маҳкум кард.

Созмони дидабони ҳуқуқи башар таъкид кард, ки саудиҳо ба далели ҳамла ба шаҳрвандони яманӣ, ба вижа иртикоби ҷинояти Санъо, салоҳияту шойистагии узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милалро надоранд.

Маҷмаи умумии Созмони милал қарор аст рӯзи ҷумъа, фардо интихоботе дар хусуси аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар анҷом диҳад.

Гуфтанӣ аст, режими саудӣ беш аз якуним сол аст, ки мардуми Яманро ба хоку хун кашондаву дар ҷинояти ҳавлноке, ки ҳудуди се ҳафтаи пеш дар Санъо рух дод, як маҷлиси хатмро ҳадаф қарор дод, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани беш аз 700 нафар шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷиноёти Оли Сауд алайҳи шаҳрвандони арабистонӣ низ абъоди густардатаре ёфтааст ва хабарҳо аз кушта шудани яке дигар аз фаъолони арабистонӣ дар зиндонҳои режими Оли Сауд бар асари шиканҷаи шадид ҳикоят дорад.

Алӣ Аҳмад, мудир ва муассиси Муассисаи умури халиҷи Форс дар Вашингтон дар сафҳаи Твиттери худ навишт, Ҳаннон Забёнӣ дар зиндони Заҳбон, дар 19 километрии шаҳри Ҷадда, дар ғарби Арабистони Саудӣ кушта шудааст.

Режим Оли Сауд зиндонҳои Арабистонро ба қатлгоҳе барои зиндониёни сиёсӣ табдил кардааст.

Ташдиди фазои хафақон дар Арабистон ва иқдомоти режими Оли Сауд дар нақзи густардаи ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар, бозтобҳои густардае дар арсаи байналмилалӣ доштааст.

Иқдомоти режими Оли Сауд, ки дар саркӯбгарӣ ва истибдод ҳеч ҳадду марзе қоил нест, амалан Арабистонро ба яке аз марказҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар арсаи байналмилалӣ табдил кардааст.

Мухолифони сиёсӣ дар Арабистон эълом кардаанд, ки натиҷаи иқдомоти Оли Сауд маҳбус шудани беш аз 30 ҳазор фаъоли сиёсӣ дар зиндонҳои махуфи режими Оли Сауд ва табдил шудани Арабистон ба зиндони шаҳрвандони арабистонӣ будааст, ки ин аз умқи сиёсати полисии режими диктатории Оли Сауд алайҳи мардуми Арабистон ҳикоят дорад.

Маҳофили ҳуқуқӣ хотирнишон кардаанд, масъулони арабистонӣ аз шиканҷа ба унвони василае барои сокит кардани мухолифон истифода мекунанд ва аз тариқи тарсу ваҳшат дар садад ҳастанд фазои хафақоновареро эҷод кунанд то ҳеч кас ҷуръат накунад ошкоро алайҳи режими Оли Сауд сухане бигӯяд.

Дар ҳоле ки ҷомеаи ҳуқуқӣ хостори расидагӣ ва бархурди фаврӣ ва ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ бо иқдомоти зиддиинсонии режими асримиёнагиии ҳоким бар Арабистон ҳастанд, пайвастани Арабистон ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ҷаҳониёнро дар ҳолати шок қарор додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ҳамчунони бо вуҷуди хости афкори умумӣ, аз ба таъхир даровардани узвияти Арабистон дар ин шӯро худдорӣ мекунад ва ин кишвар ҳамчунон узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал аст. Ин дар ҳоле аст, ки ҳеч як аз намодҳои мардумсолорӣ монанди интихобот, аҳзоби сиёсии мухталиф, озодии матбуот дар Арабистон вуҷуд надорад.

Узвияти Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ва таҳаррукот барои узвияти муҷаддади он дар ин шӯро, ки нишондиҳандаи сиёсикории шадид ва таҳрифи мафоҳиму меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ин ниҳоди ҳуқуқии Созмони милал аст, беш аз пеш сиёсатзадагӣ дар роҳбурди байналмилалии ҳуқуқи башарро намоён кардааст.

Чунин рафторҳо натиҷае ҷуз густохии ҳокимони арабистонӣ дар нақзи густардатари ҳуқуқи башар надоштааст.