Июн 02, 2021 13:56 Asia/Dushanbe
  • Такрори иддаоҳои беасоси вазири хориҷаи Саудӣ алайҳи Эрон

Манобеи расонаӣ аз такрори иддаоҳои беасосои вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ алайҳи Эрон, дар дидор бо валиаҳди Кувайт, хабар доданд.

Файсал бин Абдуллоҳ бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории “Wass” гуфт, вай дар дидор бо Шайх Машъал Аҳмад Ҷобир ал Сабоҳ,  валиаҳди Кувайт ибрози умедворӣ кардааст, мавзӯи ҳамоҳангии муштараки Кувайту Арабистон бо давлати ҷадиди Амрико дар муқобили таҳдидҳои Эрон дар минтақа ва идомаи таҳримҳои иқтисодӣ ва таслеҳотии Эрон дар муқаддамаи иқдомот қарор гирад.

Рӯзномаи саудии «Акоз» низ ба нақл аз як манбаи баландпояи кувайтӣ дар матлабе иддао кард, мавозеъи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон ва ончӣ ин рӯзнома онро мудохилоти Эрон дар умӯри дохилии кишварҳои арабии узви Шӯрои ҳамкорӣ унвон кард, дар гуфтугӯи валиаҳди Кувайт бо вазири хориҷаи Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Шайх Машъал Аҳмад Ҷобир ал Сабоҳ, валиаҳди Кувайт рӯзи сешанбе дар аввалин сафари расмии худ ба хориҷ аз ин кишвар ба даъвати мақомоти Саудӣ вориди Риёз шуд.

Арабистони Саудӣ дар ҳоле аз бесуботӣ ва амнияти минтақа ибрози нигаронӣ мекунад, ки таҷовузи ваҳшиёнаи нерӯҳои эътилоф ба саркардагии Арабистони Саудӣ ба Яман акнӯн вориди ҳафтумин сол шудааст. Дар тайи ин солҳо ҳазорон шаҳрванди Яман, ки бештари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд бар асари ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои Саудӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Арабистон ҳамчунин аз муттаҳамони ҳимоят аз терроризм дар Ироқ ва Сурия аст ва ҳазорон шаҳрванди саудӣ ҳамчунон ба ҷурми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва амалиёти террор алайҳи шаҳрвандону таъсисоти ин ду кишвар дар зиндонҳои Ироқу Сурия маҳбӯс ҳастанд.

 

Барчасп