Июн 02, 2021 16:38 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани ду низомии саҳюнист дар амалиёти шаҳодатталабонаи як ҷавони фаластинӣ

Манобеи хабарии фаластинӣ аз захмӣ шудани ду низомии саҳюнист дар амалиёти шаҳодатталабонаи як ҷавони фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ хабар доданд.

Манобеи хабарии фаластинӣ эълом карданд, як ҷавони фаластинӣ бо силоҳи сард ба низомиёни режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ҳамла ва ду тан аз онҳоро маҷрӯҳ кардааст.

Ба гуфтаи манобеи фаластинӣ, низомиёни режими саҳюнистӣ низ ба самти ин ҷавони фаластинӣ тирандозӣ ва ӯро маҷрӯҳ карданд.

Рӯзномаи ибризабони “Едиот аҳронот” вазъияти яке аз низомиёни саҳюнистро вахим гузориш кардааст.

Манобеи хабарӣ ахиран аз афзоиши чашмгири амалиётҳои шаҳодатталабонаи фаластиниҳо алайҳи низомиёни режими саҳюнистӣ дар бахшҳои мухталифе аз хоки Фаластин хабар додаанд.

Афзоиши амалиётҳои шаҳодатталабонаи ҷавонони фаластинӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки бо вуҷуди поён ёфтани ҷанги 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, ин режим ҳамчунон ба ҷиноятҳои худ алайҳи фаластиниҳо идома медиҳад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп