Афзоиши шумори шуҳадои ҳамалоти 12 рӯзаи саҳюнистҳо ба навори Ғазза
Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадои ҳамалоти 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба беш аз дусаду панҷоҳ нафар хабар дод.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар баёнияе эълом кард, бо ба шаҳодат расидани теъдоди дигаре аз маҷрӯҳони фаластинӣ, шумори шуҳадои ҳамалоти 12 рӯзаи саҳюнистҳо ба Ғазза ба 257 нафар расидааст.
Тибқи эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, дар ҳамалоти мазкур ҳудуди 2 ҳазор нафар низ ба шиддат маҷрӯҳ шуданд.
Вазорати беҳдошти Фаластин пеш аз ин шумори шуҳадои фаластинӣ дар ҷанги Ғаззаро 243 нафар эълом карда буд.
Артиши режими саҳюнистӣ дар таҷовузи ахири худ ба Каронаи бохтарӣ ва Ғазза дар 10 май, бо ҳуҷум ба манотиқи маскунӣ, занону кӯдакони фаластиниро ба хоку хун кашид. Дар ниҳояти ин таҷовузи ваҳшиёна дар рӯзи 21 май дар пайи дархости оташбас аз сӯи кобинаи режими саҳюнистӣ, ба далели нотавонии артиши ин режим дар муқобила бо нерӯҳои муқовимати Фаластин ба поён расид.
Хабари дигар ин ки як шаҳракнишини саҳюнист шаби гузашта як фаластиниро дар наздикии Бобулмағориба, дар Қудси ишғолӣ бо мошин зери чарх гузошт. Шоҳидони айнӣ аз захмӣ шудани ин фаластинӣ дар ин ҳодиса хабар доданд.
Бо вуҷуди поён ёфтани таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Каронаи бохтарӣ ва Ғазза ва барқарории оташбас миёни ду тараф, низомиёну шаҳракнишинони саҳюнист ҳамчунон ба иқдомоту ҳамалоти худ алайҳи фаластиниён идома медиҳанд.
Бештар бихонед:
- Бехонумонии 50 ҳазор фаластинӣ дар бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ
- Шартҳои вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ барои вуркди кумакҳои инсонӣ ба Ғазза