Июн 07, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Яман: Арабистони Саудӣ аз мубодилаи усаро ҷилавгирӣ мекунад

Раиси Кумитаи миллии умури усарои давлати наҷоти миллии Яман рӯзи якшанбе гуфт, ки Арабистони Саудӣ аз иҷрои тавофуқи маҳаллии мубодилаи усаро ҷилавгирӣ мекунад.

Ба нақл аз Алмасира, Абдуқодир Алмуртазо гуфт: Арабистони Саудӣ ба тозагӣ аз муздурони худ хоста, ки мубодилаи усароро, ки бар сари он бо тарафҳои маҳаллӣ тавофуқ шуда буд, мутаваққиф кунанд.  

Вай афзуд: Дастуроти Арабистони Саудӣ мунҷар ба таълиқи 7 амалиёти мубодилаи усаро дар чанд ҷибҳаи шомили 400 асир аз дутараф шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Арабистони Саудӣ дар ҳолеи мавонееро бар сари роҳи иҷрои тавофуқномаҳои табодули зиндониён қарор медиҳад, ки муддаист, бар масоили марбут ба умури башардӯстона таъкид дорад.

Музокироти табодули зиндониёни байни Ансораллоҳ ва нерӯҳои мутаҷовизи эътилоф дар декабри 2018 дар Стокголмии Шветсия баргузор шуд ва дар он дутараф тавофуқ карданд, ки 15 ҳазор асирро мубодила кунанд, аммо ин мавзуъ бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

Пас аз он, музокирот муҷаддадан дар Амон, пойтахти Урдун баргузор ва ба озодии ҳудуди  ҳазору 100 асир аз ҳар дутараф мунҷар шуд, аммо пас аз он токунун дар заминаи асирон дутараф ба ҷуз даҳҳо мубодилаи кӯчак, ки аз тариқи миёнҷигарии маҳаллӣ ва бидуни дахолати хориҷӣ ва нерӯҳои эътилоф дар дохили Яман анҷом шуда, ҳеч мубодилае анҷом нашудааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп