Октябр 29, 2016 10:34 Asia/Dushanbe
  • Поёни музокироти фишурдаи вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Сурия

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, бояд аз нуфузи ҷадиди террористҳо ба хоки Сурия ҷилавгирӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф дар поёни сафари худ ба Маскав ва дидор бо ҳамтоёни русию сурияш гуфт, он чӣ барои ҳама кишварҳо зарурат дорад, пазируфтани ин воқеият аст, ки терроризм барои ҳеҷ кас манфиате ба дунбол нахоҳад дошт. Зариф дар бораи дастоварди ин нишаст гуфт, бисёр қобили таваҷҷуҳ буд, ки Ҳукумати Сурия имрӯз як бори дигар эълом кард, ки омода аст, дар ҳар замоне, ҳатто имрӯз дар гуфтугӯҳои байни суриҳо ширкат кунад.

Дидори Лавров, Зариф ва Валид Муаллим, вузарои хориҷи Русия, Эрон ва Сурия дар Маскав бо ҳадафи ҳамкории бештари се кишвар барои муқобилаи ҷиддию қотеъ бо гурӯҳҳои террористӣ, барномарезӣ ба манзури қатъи роҳҳои мусаллаҳсозию муҷаҳҳаз кардани террористҳои мавриди ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ сурат гирифт. Он гуна ки ҳарсе вазири умури хориҷӣ дар поёни нишасти муштараки худ ба хабарнигорон гуфтанд, ин иттифоқи назар метавонад дар ҳамкориҳои ояндаи Сурия асари муҳиме дошта бошад.