Октябр 29, 2016 16:44 Asia/Dushanbe
  • Барчаспи таҳрим бар маҳсӯлоти исроилӣ дар марокизи тиҷории канадаӣ

Дар идомаи сиёсати таҳрими колоҳои сохта шуда дар шаҳракҳои саҳюнистнишин, бар рӯи маҳсулоти тавлидии ин манотиқ дар яке аз марокизи тиҷории Канада ҳам барчаспҳои вижа часпонда шуд.

Ба гузориши хабаргузории Қудс, дар яке аз бузургтарин марокизи тиҷории шаҳри Виннипег дар Канада,  дар бахши маҳсӯлоти тавлидии режими саҳюнистӣ, барчаспҳои таҳримии зидди исроилӣ бар рӯи маҳсӯлоти сохти ин режим часпонда шудааст .

Пас аз ин мавзу, низ лобии саҳюнистӣ мавзуеро ба мудирияти марокизи тиҷорӣ иттилоъ дод ва ҷамъоварии барчаспҳои зидди исроилиро хостор шуд .

Барчаспҳои зидди исроилӣ аз харидорон дархост кардааст, то ин маҳсулотро нахаранд, чаро ки тавлид шуда дар арозии ишғолӣ аст ва бар ҳамин асос, ин маҳсулот ҳуқуқи башар ва Конвенсияи чаҳоруми Женеваро нақз кардааст.

Кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо эҷоди маъракае, таҳрими колоҳои исроилӣ, поёни ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар арозии ишғолии Фаластин ва ба расмият шинохта шудани ҳуқуқи фаластиниҳоро хостор ҳастанд ва ин масъала муҷиби нигаронии масъулони саҳюнист шудааст.