10 сол зиндон дар интизори "Натаняҳу" ба иттиҳоми фасоди молӣ
Вакили қонуни асосӣ аз маркази таҳқиқоти демократии режими саҳюнистӣ гуфт, Натаняҳу пас аз барканорӣ аз симмати худ ба хотири иттиҳомоти фасоди молӣ, ки дастикам 10 сол зиндон ба думбол дорад, муҳокима мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, « Амир Фокс, ҳуқуқшиноси конститутсионии Маркази таҳқиқоти демократияи саҳюнистӣ, гуфт, ки сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу аз моҳи майи соли 2020 дар чанд парвандаи фасод, қаллобӣ ва тасарруфи молия муҳокима шудааст ва чунончӣ аз масъулияти худ канор гузошта шавад дигар ҳеч масунияте барои ӯ вуҷуд нахоҳад дошт.
Фокс илова кард, барои ду сол ин савол матраҳ буд, ки оё Натаняҳу қонуни асосии Исроилро тағйир медиҳад то аз раванди додрасӣ алайҳи худ ҷилавгирӣ кунад ва акнун агар ӯ қудрати худро аз даст бидиҳад дигар имкони анҷоми ин корро нахоҳад дошт ва бояд ба авоқиби он ки мумкин аст то 10 сол зиндон бошад, тан диҳад.
Додситонии умумии режими саҳюнистӣ алайҳи Натаняҳу, ки аз соли 2009 ба унвони нахуствазир дар қудрат аст, бо иттиҳоми 1000, 2000 ва 4000 парванда се айбнома содир кард.
Натаняҳу токунун ин иддаоҳоро рад ва борҳо саъй карда аз пайгарди қонунӣ фирор кунад.
Дар як нома ба Ровӣ Ривлин, раҳбари режими қалбакии Исроил, Ёир Лапид, раҳбари ҳизби Еш Атид рӯзи панҷшанбеи гузашта эълом кард, ки кабинаи эътилофиро бо ҳафт ҳизби дигар, аз ҷумла Ямина, Коргар, Рӯйхати муштараки аъроб, Кабуд ва Сафед Исроил Бейтуна ва Умеди Ҷадид ва Мортас ташкил додааст.
Бинямин Натаняҳу" дар талош аст ки аз ташкили ин кобинаи эътилофӣ ҷилавгирӣ карда қудрати худро дар режими саҳюнистӣ ҳифз кунад.
Бештар бихонед :