Июн 14, 2021 20:10 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳудуди се ҳазор фаластинӣ дар моҳи май

Низомиёни режими ишғолгари саҳюнист дар моҳи майи 2021 ҳудуди се ҳазор фаластиниро дар манотиқи мухталифи заминҳои ишғолӣ боздошт карданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, шомили Кумитаи умури асирон ва озодагон, ҷамъияти асирони фаластинӣ, созмони Замир ва маркази иттилооти Водии Ҳилва дар баёнияе муштарак эълом карданд: Низомиёни режими ишғолгари саҳюнист раванди боздошти фаластиниҳоро дар моҳи май шиддат бахшида ва танҳо дар ин моҳ ҳудуди се ҳазору 100 фаластиниро дар манотиқи мухталифи заминҳои Фаластин боздошт карданд.

Ин созмонҳо дар баёнияи худ афзуданд: Бештари боздоштҳо тавассути режими ишғолгар дар шаҳрҳои заминҳои ишғолии соли 1948 сурат гирифта, ба тавре, ки беш аз ду ҳазор нафар, аз ҷумла 291 кӯдак дар ин манотиқ дастгир шудаанд.

Бар асоси ин баёния, низомиёни исроилӣ тайи ин як моҳ наздик ба як ҳазору 100 нафар, аз ҷумла 180 кӯдакро дар шаҳрҳои Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва 677 фаластинӣ ҳам дар шаҳри Қудс боздошт карданд.

Теъдоди усаро ва боздоштшудагони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ низ то авохири моҳи май ба 4500 нафар расида, ки 40 нафар аз онҳо зан, 250 нафар кӯдак ва 520 нафар низ боздошти идорӣ ҳастанд.

 

Бештар бихонед: