Октябр 29, 2016 21:27 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби узвияти муҷаддади Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башар

Арабистони Саудӣ, ки дар садри режимҳои ноқизи ҳуқуқи башар ва саркубгар қарор дорад, дар як фароянди қобили тааммул ба унвони яке аз аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал интихоб шуд.

Шӯрои ҳуқуқи башари созмон 47 узв дорад, ки як сеюми аъзои он ҳар сол бояд муҷаддадан раъйгирӣ ва интихоб шаванд .

Арабистон дар ҳоле ба узвияти муҷаддади Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал интихоб шуд, ки узвияташ дар Шӯрои ҳуқуқи башар ва ҳатто интихоби он баунвони раиси Комиссияи коршиносони мустақили ин шӯро дар соли 2015 ибтидо бӯҳту тааҷҷуб, сипас хашми ниҳодҳои мустақили ҳуқуқи башариро барангехта ва вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт .

Ҳалил Нойер, мудири иҷроии Созмони ғайридавлатии Дидабони ҳуқуқи башар чанде пеш гуфта буд, ин шармовар аст, ки Созмони милали муттаҳид кишваре монанди Арабистони Саудиро барои узвият дар ин шӯро интихоб кардааст .

Коршиносони ҳуқуқӣ бар ин боваранд, ки долларҳои нафтӣ ва сиёсикориҳо раванди узвият дар ниҳодҳои ҳуқуқи башарии ҳуқуқи башарро шакл медиҳад. Фиребкорӣ бештарин зарбаи ворида ба эътибори наҳоде аст, ки пайбандӣ ба усули ахлоқии Созмони милали муттаҳидро нишон медиҳад. Узвияти Арабистони Саудӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал аз соли 2013 дар ҳолест, ки зимомдорони ин кишвар бо он ҳама фаҷоеи зидди башарӣ чи дар дохили кишвари худ бар зидди ҳуқуқи ақаллиятҳо ва занон ва чи дар беруни марзҳои кишвари худ бар зидди мардуми Яман ва Баҳрайн вазъияташ барои ҳамаи дунё мушаххас аст .

Бар ин асос дар чорчуби мухолифатҳои ҷаҳонӣ бо узвияти Арабистон дар ниҳодҳои ҳуқуқии Созмони милал чанде пеш панҷоҳ созмони ҳуқуқи башарӣ бо ирсоли номае ба Комиссари олии ҳуқуқи башар дар Созмони милал аз Зайд Раад Алҳусайн, Комиссари олии ҳуқуқи башар, ки бар созмонҳои ҳуқуқии арабӣ назорат дорад, хостори лағви узвияти Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқ башар шуданд.

Узвитяи Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал, ки нишондиҳандаи сиёсикории шадид ва таҳрифи мафоҳим ва меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ин ниҳоди ҳуқуқии Созмон милал аст, беш аз пеш сиёсатзадагии роҳбурди байналмилалии ҳуқуқи башарро намоён кардааст.

Гуфтанӣ аст, ки маҳофили расонаӣ аз ҷумла рӯзномаи фароминтақаии "Алшарқ Алвасат" чанде пеш фош кард, Файсал ибни Ҳасан Трад, намояндаи Арабистон дар Комиссари олии ҳуқуқи башар дар Женева, бо ҳадаф махфӣ нигаҳ доштани нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, як миллион доллар ба ин Комиссар эҳдо карда, ки ин амр бо истиқболи Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал рӯ ба рӯ шудааст. Кумаки молии подшоҳии Саудӣ ба Комиссари ҳуқуқи башари Созмони милал ва ташаккури ин ниҳод аз ин иқдом дар ҳолест, ки масъалаи нақзи густардаи ҳуқуқи башар дар Арабистон, ҳамчунон аз сӯи ниҳодҳои байналмилалӣ дар ҳоли пайгирӣ аст ва Созмони афви байналмилал дар гузориши солонаи худ таъкид кардааст, ки солҳои ахир соли афзоиши эъдомҳо ва боздоштҳо будааст .

Дар чунин шароите бар асоси моддаи 8-и Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал чунончи ҳар кадом аз аъзои ин шӯро муртакиби ҷиноёт шаванд, узвияташон ба ҳоли таълиқ дармеояд. Аммо ин қонун низ ба далели ҳимоятҳои давлатҳои ғарбии ҳомии режими Оли Сауд дар хусуси Арабистон иҷроӣ нашудааст ва ба ин тартиб ин кишвар ҳамчунон узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал аст.

Тадовуми узвияти Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар ҳолест, ки режими Саудӣ ба мавозини ҳуқуқӣ ва муоҳидоти байналмилалӣ таваҷҷуҳе надорад .