Марги кӯдакони яманӣ ба сабаби набуди кумакҳои пизишкӣ
(last modified Sun, 30 Oct 2016 08:33:16 GMT )
Октябр 30, 2016 13:33 Asia/Dushanbe
  • Марги кӯдакони яманӣ ба сабаби набуди кумакҳои пизишкӣ

Аз замони оғози ҳамалоти Арабистон ва муттаҳидонаш ба Яман, ҳазорон кӯдаки яманӣ ба иллати набуди кумакҳои пизишкӣ, ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алявмусобеъ, Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, дар 1.5 гузашта ҳудуди 10 ҳазор маврид марги кӯдакони зери панҷ соли яманӣ сабт шудааст, ки иллати аслии марги онҳо дастрасӣ надоштан ба муроқибатҳои пизишкӣ-беҳдоштӣ аст.

Кристоф Булерак-сухангӯи Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳудуди 7.5 миллион кудаки яманӣ ниёз ба кумакҳои пизишкӣ доранд ва 370 ҳазор яманӣ низ аз суитағзияи ҳод ранҷ мебаранд.

Аз сӯи дигар Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълом кард, ки шумори афроди машкук ба ибтило ба “Вабо” дар Яман, дар се ҳафтаи гузашта ба ҳазору 410 нафар расидааст.

Бинобар эъломи ин созмон, бемории “Вабо” пеш аз ин танҳо дар устон Санъо шуюъ дошт, вале дар ҳоли ҳозир ба 10 устони Яман, аз ҷумла Таъиз ва Адан низ расидааст.