Июн 20, 2021 10:42 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти паҳподии густардаи нерӯҳои яманӣ алайҳи аҳдофи саъудӣ

Расонаҳои арабӣ аз амалиёти паҳподии бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Яман алайҳи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Турки Алмоликӣ-сухангӯии эътилофи мутаҷовизи саъудӣ гуфт: Бомдоди якшанбе 17 паҳподи инфиҷории мутаъаллиқ ба артиш ва нерӯҳои яманӣ ба аҳдофе дар Арабистони Саъудӣ ҳамла карданд.
Эътилофи саъудӣ ба риволи иддаоҳои дуруғини ҳамешагӣ муддаӣ шуд, ки шаш адад аз ин паҳподҳоро пеш аз бархурд ба замин раҳгирӣ кардааст.
Сухангӯии эътилофи ҷинояткори саъудӣ дар идомаи иддиъоҳояш афзуд: Мо иқдомоти лозим барои ҳифозат аз худ мутобиқ бо қавонини байналмиллалиро анҷом медиҳем.
Пеш аз ин субҳи рӯзи шанбе Яҳё Сариъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард бахши паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо як паҳподи « Қосиф К2 » ، пойгоҳи ҳавои Алмалик Холид дар Арабистонро ҳадаф қарор доданд .
Дар моҳҳои ахир борҳо мавозиъ ва нерӯҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ дар манотиқи мухталифи Арабистон ва Аморот ҳадафи ҳамалоти паҳподии Яман қарор гирифтааст.



Бештар бихонед :

 

Барчасп