Даъват барои эътисоб дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i6925-Даъват_барои_эътисоб_дар_Арабистон
Фаъолони мухолифи режими Оли Сауд, норозиён ба сиёсатҳои ин режимро ба ширкат дар эътисоби саросарӣ дар Арабистон даъват карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 30, 2016 15:39 Asia/Dushanbe
  • Даъват барои эътисоб дар Арабистон

Фаъолони мухолифи режими Оли Сауд, норозиён ба сиёсатҳои ин режимро ба ширкат дар эътисоби саросарӣ дар Арабистон даъват карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", ба нақл аз рӯзномаи фароминтақаии "Раъюлявм", дар шароите, ки хашми мардум дар Арабистон ба авҷ расидааст, фаъолони мухолифи саудӣ бар асоси фарохоне дар шабакаи иҷтимоии Твиттер, муътаризони ин кишварро, ки хоҳони озодӣ ва рӯйи кор омадани низоме мунтахаби баромада аз хости мардум ҳастанд, ба мушорикат дар эътисоби саросарии имрӯз, якшанбе фаро хонданд.

Эътисоби имрӯз дар Арабистон ба унвони чолишии ошкор барои режими Оли Сауд дар шароите аст, ки мардуми ин кишвар ҳатто аз кӯчактарин ҳаққи озодии баён маҳрум ҳастанд.

Яке аз фаъолони саудӣ дар Твиттер дар паёме, ки бо аксе барои даъват ба эътисоб ҳамроҳ буда, навиштааст: "Дигар фиребу найранги миллат бо ваъдаҳои ширин кофӣ аст".

Яке аз мухолифони режими Оли Сауд, ки нахост номаш фош шавад, низ гуфт, дар Арабистон замоне ки ба давлат эътироз мешавад, фарди хатокорро муттаҳам ба хуруҷ аз вилояти амр ва беҳурматӣ ба истилоҳи қадосати низоми ҳоким мекунанд.

Ҳамчунин яке дигар аз фаъолон дар Твиттер бо даъват аз мардуми Арабистон барои ҳузур дар эътисоби саросарӣ таъкид кард, ин эътисоб ҳомили паёме ба ҳокимони саудӣ буда то бидонанд, ки даврони поёни саркӯбгарӣ ва истибдод фаро расидааст.

Эътисоби саросарӣ дар Арабистон шомили ғайбат аз кор дар идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар эътироз ба касри маоши кормандон, ҳазфи молиёти изофа, таваққуфи имтиёзоти хонадони ҳоким ва озодии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ аст.