Октябр 30, 2016 20:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ироқиҳо бар идомаи амалиёти Мусил

Нахуствазири Ироқ дар вокуниш ба дархости машкуки фармондеҳони амрикоӣ барои таваққуфи амалиёти Мусил таъкид кард, амалиёт дар ҳеч як аз меҳварҳо мутаваққиф нашуда ва то озодии комили устони Найнаво бо марказияти Мусил идома хоҳад ёфт.

Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ шанбе шаб дар изҳороте, ки аз шабакаи расмии Ироқ (Алироқия) пахш шуд, гуфт: Дархости фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико мабнӣ бар таваққуфи амалиёти Мусил барои таҷдиди омодагиҳои размӣ, пазируфтанӣ нест .

Нахуствазири Ироқ бо ишора ба нақши нуфузиҳо ва муғризон дар эҷоди ихлол дар амалиёти Мусил гуфт, онҳо қодир ба монеътарошӣ дар ҳаракати нерӯҳои қаҳрамони ироқӣ нахоҳанд буд .

Бархе расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ рӯзи ҷумъа ба нақл аз фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико, аз таваққуфи амалиёти Мусил хабар доданд, аммо ин хабарҳо ба суръат аз сӯи Абдулғанӣ Аласадӣ ва Абдулваҳҳоб Алсоидӣ, фармондеҳони созмони мубориза бо терроризм такзиб шуд ва сооте баъд хабар расид, ки нерӯҳои Алҳашд Алшаъбӣ дар меҳварҳои таъиншуда барои ин гурӯҳ вориди амал шудаанд .

Амалиёти озодсозии Мусил аз 17-и октябри 2016 бо фармони Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ шуруъ шудааст .

Нерӯҳои артиш, басиҷи мардумӣ ва нерӯҳои пешмаргаи курд дар ин амалиёт ҳузур доранд. Амалиёти озодсозии Мусил бидуни вақфа ва бо муваффақият дар ҳоли иҷрост .

Суханони алъибодӣ дар радди баёнияи рӯзи ҷумъаи эътилофи байналмилалӣ, нишонгари бурузи ихтилофоти амиқ миёни давлати Ироқ ва Амрико аст.  

Нишонаҳои ихтилофот аз ҳамон рӯзҳои оғозини амалиёти Мусил замоне, ки амрикоиҳо бидуни далел амалиёт дар меҳвари ҷанубиро мутаваққиф карданд, дида мешуд. Мавзеъгирии мақомоти амрикоӣ ҳокӣ аз он аст, ки онон дар идомаи иқдомоти муғризонаи худ бадунболи вақфа дар анҷоми амалиёти Мусил ҳастанд.

Бархе фармондеҳони ягонҳои вижаи вокуниши сареи Ироқ рӯзи 19-и октябр танҳо 3 рӯз пас аз амалиёт ба хабарнигорон дар минтақаи амалиётӣ гуфтанд, ки нерӯҳои байналмилалӣ дар яке аз сахттарин набардҳо, ки дархости ҳимояти ҳавоӣ кардем, посух надоданд .

Ин дар ҳолест, ки ҷангандаҳои амрикоӣ нерӯҳои артиши Ироқро дар устони Найнаво дар шимоли Ироқ ҳадаф қарор доданд. Ҷангандаҳои артиши Амрико рӯзи шанбе мавозеи нерӯҳои артиши Ироқро дар ҳумаи шаҳри Талкиф дар шимоли шарқи Мусил дар устони Найнаво ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он панҷ нафар аз нерӯҳои ироқӣ кушта ва ё захмӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки сухангуи муқовимати исломии Алнуҷабои Ироқ дар бораи талоши Амрико барои тасаллут бар Мусил (шимоли Ироқ) ҳушдор дод .

Саид Ҳошим Алмусавӣ, сухангуи расмии муқовимати исломии Алнуҷабои Ироқ бо ҳушдор дар бораи тавтеаи бепоёни Амрико, ки мекушад, Мусилро ба як минтақаи ҳифозатшуда барои террористҳои ДИИШ табдил кунад, гуфт, мушорикати ҳамаи гурӯҳҳои ироқӣ дар амалиёти озодсозии Мусил аз ишғоли террористҳо бо шиори “ватан барои ҳама” зарурӣ аст.

Ҳошим Алмусавӣ, ҳамчунин мавзеъгирии бегонагон аз ҷумла Туркия ва таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ дар бораи амалиёти озодсозии Мусилро барои тазъифи Ироқ дар ин масир беарзиш донист ва тасреҳ кард, бегонагон ва нуфузиҳои душман ҳаргиз наметавонанд ба баҳонаи мубориза бо терроризм, ин шаҳри ироқиро зери султаи худ дароваранд .