Июн 23, 2021 17:33 Asia/Dushanbe

Низомиён ва шаҳракнишинҳои саҳюнист ба маҳаллаи Шайх Ҷарроҳи шаҳри Қудс ҳамла карданд.

Низомиён ва шаҳракнишинҳои саҳюнист бо сокинони маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ даргир шуданд.

Созмони Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ аз захмӣ шудани дастикам 20 фаластинӣ дар ин даргирӣ хабар дод.

Муҳаммад Ал-Курд, фаъоли фаластинӣ дар Твиттер навишт: Низомиёни режими саҳюнистӣ бо гази ашковар ба манозили фаластиниҳо ҳамла карданд.

Вай афзуд: Низомиён ва шаҳракнишинҳои саҳюнист дар ҳоли нобуд кардани сокинони Шайх Ҷарроҳ ҳастанд.

Ал-Курд навишт: Саҳюнистҳо гази ашковар ва гулӯлаҳои оташзо ба дохили хонаҳои фаластиниҳо партоб карданд.

Вазъият дар Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ дар чанд ҳафтаи гузашта ба дунболи беҳурматии Қудс ва намозгузорони он буҳронӣ аст.

Беш аз 90 ҳазор фаластинӣ бо вуҷуди иқдомоти шадиди ишғолгарон ва ҷилавгирии онҳо аз расидани шумори зиёде аз намозгузорон ба Масҷидулақсо ва мамнуъ кардани вуруди сокинони Каронаи бохтарӣ ба шаҳри ишғолии Қудс, маросими шаби мубораки Қадрро дар Масҷидулақсо баргузор карда буданд.

Бархе манотиқи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва шаҳри ишғолии Қудс, бавижа минтақаи Бобуломуд ва маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ аз оғози моҳи мубораки Рамазон шоҳиди ҳамалоти нерӯҳои режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинон ба шаҳрвандон фаластинӣ будааст, ки ин масъала боиси даргирии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза шуд.

 

Барчасп