Июн 23, 2021 20:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тадобири амниятӣ дар Кнессети режими саҳюнистӣ

Манобеи хабарии ибризабон аз нигаронии мақомҳои аршади режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба Кнессет (парлумони ин режим) хабар доданд.

Нерӯҳои амниятии Кнессет ба далели нигаронӣ аз такрори ҳодисаи ҳамла ба Конгресси Амрико, ин бор дар Фаластини ишғолӣ, ба истифода аз таҷҳизоти зиддишӯриш дар Кнессет ба арзиши сесад ҳазор шекел (ҳудуди 100 ҳазор доллар) рӯй овараданд.

Бар асоси ин гузориш, ин таҷҳизот шомили аслиҳаҳои гулӯлаи пластикӣ, норинҷакҳои савтӣ ва газҳои ашковар аст.

Воҳиди ҳифозати Кнессет ҳамчунин барои маъмурони худ ҷаласаҳои тамринӣ ва омӯзишӣ бо воҳиди вижаи зиддитероризми полиси режими саҳюнистӣ баргузор кардааст.

Пеш аз ин, натоиҷи як назарсанҷӣ нишон дода буд, 56 дарсад аз саҳюнистҳо муътақиданд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳодисае мушобеҳи ҳамла ба Конгресси Амрико, дар парлумони режими саҳюнистӣ (Кнессет) низ рух диҳад.

Шашуми январ Конгресси Амрико дар ҳоли шумориши орои Маҷмаи гузинандагон (Электрол Коллеҷ) барои таъйиди натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии сеюми ноябр буд, ки ҳомиёни Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешин ба Конгресс ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин ҳамла панҷи нафар, аз ҷумла як нерӯи полис кушта шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп