Октябр 31, 2016 10:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати беш аз 900 диишӣ аз оғози амалиёти Мусил

Вазорати дифои Ироқ аз ҳалокати дастикам 910 террористи узви ДИИШ аз оғози амалиёти озодсозии Мусил хабар дод.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии Алъаҳд, Вазорати дифои Ироқ рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, аз оғози амалиёти озодсозии Мусил дастиками 910 нафар аз аъзои ДИИШ дар даргирӣ бо нерӯҳои ироқӣ ба ҳалокати расидаанд, ки 480 нафар аз ин афрод тобеияти сурӣ доштанд .

Дар идомаи баёния омадааст, ки нерӯҳои амалиёти озодсозии Мусил таи ду ҳафтаи гузашта беш аз 40 бомбро хунсо ва 115 мошин ва 170 пойгоҳи диишиҳо ва 18 танки зидди ҳавоии онҳоро мунҳадим карданд .

Амалиёт барои бозпасгирии шаҳри Мусил, ки охирин мақарри ДИИШ дар Ироқ аст, аз 17-и октябр оғоз шудааст .

Ба гузориши Созмони байналмилалии муҳоҷират, аз оғози амалиёти озодсозии Мусил беш аз 17 ҳазору 600 нафар аз ғайринизомиёни ин шаҳр бо тарки хонаҳояшон худро ба нерӯҳои ироқии мустақар дар минтақа расондаанд .

Дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион нафар дар Мусил зиндагӣ мекунанд, ки бо пешравии низомиёни ироқӣ ба самти ин шаҳр эҳтимол дорад, теъдоди бештаре аз онон ба мақаори нерӯҳои ироқӣ паноҳанда шаванд .