Июн 30, 2021 14:54 Asia/Dushanbe
  • Лапиди дар ин сафари дурӯза сафорати ин режимро дар Абузаби ва консулгарии онро дар Дубай ифтитоҳ кард
    Лапиди дар ин сафари дурӯза сафорати ин режимро дар Абузаби ва консулгарии онро дар Дубай ифтитоҳ кард

Яири Лапиди-вазири умӯри хориҷаи режими саҳюнистӣ дируз дар сафарии расмӣ вориди Амороти Муттаҳидаи Араб шуд .

Ӯ дар ин сафари дурӯза сафорати ин режимро дар Абузаби ва консулгарии онро дар Дубай ифтитоҳ кард

Нахустин нукта дар бораи ин сафар ин аст, ки аввалин сафари расмии як мақоми саҳюнист ба Амороти Муттаҳидаи Араб аз замони эъломи тавофуқи оддисозӣ равобит дар марти 2020 бо миёнҷигарии Амрико ба шумор меравад .

Нуктаи дувум дар бора ин сафар ин аст, ки ҳавопаймои Лапиди барои расидан ба Амороти Муттаҳидаи  Араб аз ҳарими ҳавоии Арабистони Саъудӣ убур кард, ки нишон медиҳад Риёз низ аз оддисозии равобити байни режимҳои вопасгарои арабӣ бо режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад ва чӣ басо мувофиқату чароғи сабзи он бо ҳадафи заминасозӣ барои худи Риёз аст, то дар оянда бидуни мушкил вориди оддисозии равобит бо Тел-Авив шавад. Пеш аз ин қарор буд Бинямин  Натаняҳу, нахуствазири сарнагуншудаи режими саҳюнистӣ моҳи марти гузашта чунин сафареро ба Амороти Муттаҳида анҷом диҳад, то аввалин нахуствазири ин режим бошад, ки ба чунин сафаре иқдом мекунад, аммо бино ба иддаои саҳюнистҳо ба иллати ихтилоф бо Урдун дар бораи гузар аз ҳарими ҳавои он, ин сафар бекор шуд .

Нуктаи сеюм дар бора ин сафар ин аст, ки як рӯз пас аз дидори Реувени Ривлини, раиси режими саҳюнистӣ бо Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико дар Кохи Сафед сурат гирифт, ки аз сиёсати Доналд Трамп салафи худ дар оддисозии равобити байни бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ эъломи ҳимоят кард ва гуфт Амрико аз оддисозии равобити байни Исроил ва кишварҳои Ғарби Осиё ва Африқо ба таври комил ҳимоят мекунад, ки ин нишон медиҳад сиёсати Амрико дар қиболи режими саҳюнистӣ тағйир накардааст.

Нуктаи чаҳорум марбут мешавад ба марҳилаи замонӣ; ба ин маъно ки Лапиди дар ҳоле озими ин сафар шуд, ки нахуствазириро ба муддати ду сол ба Нафтали Бинти-раиси ҳизби Йемина супурдааст ва дар воқеъ  ин таҳарруки режими саҳюнистӣ бо ҳадафи ҷалби ҳимояти Амрико ва режимҳои вопасгарои минтақа аз кабинаи шиканандаи саҳюнистҳо сурат мегирад, кабинае ки дар  паи бозгардондани обрӯи рафтаи ин режим дар баробари зарбахои мушакии даҳшатноки муқовимат аст, ки тамоми шаҳрҳову шаҳракҳои саҳюнистнишинро дучори ваҳшат ва ҳарос кард; зеро режимҳои вопасгарои арабӣ дар ҳоле амнияти худро ба амнияти режими саҳюнистӣ пайванд задаанд, ки муқовимат бо заработи мушакӣ ва эҷоди ваҳшат дар саросари шаҳракҳо ва шаҳрҳои саҳюнистнишин ва зери савол бурдани сомонаҳои мавсум ба Гунбади оҳанин, муъодилаи ҷадиде аз қудрату мувозинаи боздорандагии навиниро эҷод кард, ки на фақат саҳюнистҳо балки ин режимҳо низ ки барои бақои худ ба домани саҳюнистҳо паноҳ барда буданд ,ба ҳаросу ваҳшат афтоданд ва аз ин рӯ Лапиди дар ин сафар дар пайи итминондиҳии дубора ба ин режимҳо барои нуфӯз ва баҳрабардорӣ аз он ҳост .

Дар ин бора он чи Аморот ва чанд кишвари арабӣ, ки аз миллати худ бурида ва ба девори дар ҳоли суқӯти саҳюнистҳо такя кардаанд, бояд бидонанд ин аст ки ҳамон тавр ки таҷрибаи оддисозии равобити ин режим бо Мисру Урдун нишон дод, ки чунин намоишҳое сабабсози амният барои онҳо нахоҳад шуд ва режими саҳюнистӣ тарафи мавриди эътимоде барои онҳо низ нахоҳад буд, афзун бар инки ин иқдоми Аморот ба ҳамроҳ чанд кишвари арабӣ, ханҷаре аст, ки дар паҳлуи фаластиниҳо ва қазияи Фаластин фурӯ рафта, ки бояд мунтазири товони он аз сӯйи мусулмонон бошанд .

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп