Октябр 31, 2016 19:04 Asia/Dushanbe
  • Идомаи амалиёти Мӯсил ва пӯчии иддаоҳои Амрико

Аз Ироқ хабар мерасад, ки амалиёти Мӯсил ҷиҳати раҳосозии ин минтақа аз сайтараи ДИИШ ташдид шудааст ва пешравии нерӯҳои ироқӣ дар манотиқи мухталифи Мӯсил, барои озодсозии ин манотиқ аз ишғоли террористҳо идома дорад.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки артиш ва нерӯҳои мардумии Ироқ муваффақ шуданд, минтақаи Алӣ Рашро  дар ҷанубу шарқи Мӯсил аз ишғоли террористҳо озод кунанд. Бо шиддат гирифтани ҳамалоти артиши Ироқ гуфта мешавад, шуморе аз террористҳои такфирӣ - саҳюнистии ДИИШ аз манотиқи ҷануби Мӯсил ( маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ) маҷбӯр ба ақибнишинӣ шуданд.

Дар ҷанубу ғарби Мӯсил ҳам, нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ бо пешравӣ ба самти шаҳри Талъафар беш аз 20 рустои дигарро аз ишғоли террористҳо озод карданд.  

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои пешмарг дар Ироқ эълом карданд, ин нерӯҳо аз оғози амалиёти бозпасгирии Мӯсил то кунун, 26 русторо аз ишғоли террористҳои ДИИШ озод кардаанд.

Чанд минтақа дар шимол ва шарқи Мӯсил ҳам рӯзи якшанбе ба дасти нерӯҳои пешмарг аз вуҷуди аносури ДИИШ поксозӣ шуд.

Вазорати дифои Ироқ низ аз ҳалокати дастикам 910 унсури террористии узви ДИИШ аз ибтидои амалиёти озодсози Мӯсил хабар дод. Дар баёнияи Вазорати дифои Ироқ омадааст, ки аз ибтидои амалиёти озодсозии Мӯсил дасткам 910 нафар аз аъзои ДИИШ дар даргирӣ бо нерӯҳои ироқӣ ба ҳалокат расидаанд, ки 480 ин афрод тобеияти хориҷӣ доштанд.

Амалиёти озодсозии Мӯсил аз ишғоли террористҳои ДИИШ, аз 17 октябри имсол оғоз шуд, ки то кунун ҳудуди 1400 километри мураббаъ аз манотиқи шимол ва ғарб озод шудааст.

Тадовуми амалиёти Мӯсил дар ҳоле аст, ки Ҳайдар Ибодӣ- нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ низ шанбешаб дар изҳороте, ки аз шабакаи расмии Ироқ (Алироқия) пахш шуд, гуфт, дархости фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико, бино бар таваққуфи амалиёти Мӯсил барои таҷдиди омодагиҳои размӣ, пазируфтанӣ нест.

Ибодӣ бо ишора ба нақши нуфузиҳо ва муғризон дар эҷоди ихлол дар амалиёти Мӯсил, гуфт онҳо қодир ба монеатарошӣ дар ҳаракати нерӯҳои қаҳрамони ироқӣ нахоҳанд буд.

Бархе расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ рӯзи ҷумъа ба нақл аз фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико, аз таваққуфи амалиёти Мусил хабар доданд, аммо ин хабарҳо ба суръат аз сӯи Абдулғанӣ Аласадӣ ва Абдулваҳҳоб Алсоидӣ, фармондеҳони созмони мубориза бо терроризм такзиб шуд ва сооте баъд хабар расид, ки нерӯҳои Алҳашд Алшаъбӣ дар меҳварҳои таъиншуда барои ин гурӯҳ вориди амал шудаанд.

Нерӯҳои артиш, басиҷи мардумӣ ва нерӯҳои пешмарги курд дар амалиёти Мӯсил ҳузур доранд. Ҳодӣ Аломирӣ таъкид кард, ҳадаф аз амалиёти мо озодсози Мӯсил ва ҳифзи ҷони сокинон он аст. Ҳодӣ Аломирӣ, дабири кулли созмони Бадри Ироқ ва аз фармондеҳони Алҳашд Алшаъбӣ, дар нишасте, ки бо раҳбарон ин созмон дар меҳвари ғарбии шаҳри Мӯсил дошт, аз озодии чанд хонавода, ки дар асорати ДИИШ буданд ва ин гурӯҳи террористӣ аз онҳо ба унвони сипари инсонӣ истифода мекард, хабар дод ва гуфт, ин хонаводаҳо ба рустои амни муҷовир, ки холӣ аз сакана ҳастанд, мунтақил шудаанд. Вай таъкид кард, ҳадаф аз амалиёти мо озодсозии сокинони Мӯсил ва ҳифзи ҷони онҳо аст.

Ҳодӣ Аломирӣ бо таъкид бар лузуми бархӯрд бо ин хонаводаҳо дар ниҳояти шафақат ва хубӣ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ҷавсозиҳо, ҳама тасаввур мекарданд, ки вуруди Алҳашд Алшаъбӣ ба устони Найнаво таъсири манфӣ бар сокинони ин устон хоҳад дошт, аммо ҳамбстагӣ ва иттиҳоде, ки имрӯз миёни сокинони устони Найнаво ва Алҳашд Алшаъбӣ шоҳид ҳастем, тамоми ин шоиотро (овозаҳо) канор зад.