Марги ногаҳонии фармондеҳи артиши режими саҳюнистӣ
Фармондеҳи низомии аршади режими саҳюнистӣ дар ҳини тамрини омодагии ҷисмонӣ ногаҳон бар замин афтод ва мурд.
Рӯзномаи “Haaretz” имрӯз шанбе навишт, артиши режими Исроил саргарми баррасии марги ногаҳонии полковник Шарон Асман, фармондеҳи ҷадиди бригадаи “Ноҳол”-и пиёданизом аст, ки рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи тамрини омодагии ҷисмонӣ бар замин афтоду мурд. Ба назар мерасад иллати марги ӯ сакта қалбӣ будааст.
Марги Асман ду рӯз пас аз оғоз ба кори ӯ дар симати фармондеҳии бригадаи пиёдаинизоми “Ноҳол” сӯрат гирифт, ки орзӯи онро дошт.
Полковник Исраэл Шумер, фармондеҳи қаблии ин қисми низомӣ ба симати қаблии худ бозмегардад.
Нафтали Беннет, нахуствазир, Бенни Ганц, вазири ҷанг ва Реувен Ривлин, раиси Исроил аз марги ӯ ибрози таассуф карданд.
Асман дар симатҳои мутааддид ва муҳимтарини воҳидҳои низомии артиши Исроил фаъолият дошт. Аввалини онҳо дар ҷануби Лубнон буд ва охирин фаъолияти ӯ дар арозии ишғолӣ буд.
Вай дар ду соли гузашта ба унвони афсари амалиётҳои Маркази фармондеҳии шимол фаъолият дошт.
Бештар бихонед: