Ҳамос: Исроил наметавонад муъодилотро тағйир диҳад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i69932-Ҳамос_Исроил_наметавонад_муъодилотро_тағйир_диҳад
Сухангӯи ҷумбиши муқовимати Ҳамос таъкид кард:Бомбаборони навори Ғазза тавассути саҳюнистҳо ҳам наметавонад муъодилотро тағйир диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 04, 2021 12:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Исроил наметавонад муъодилотро тағйир диҳад

Сухангӯи ҷумбиши муқовимати Ҳамос таъкид кард:Бомбаборони навори Ғазза тавассути саҳюнистҳо ҳам наметавонад муъодилотро тағйир диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳозими Қосим-сухангӯи ҷумбиши муқовимати Фаластин  Ҳамос  бомдоди якшанбе дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Ғазза гуфт: Бомбаборони навори Ғазза тавассути саҳюнистҳо иқдоми номуваффақ барои мутаваққиф кардани талоши мардуми Фаластин барои бозёбии ҳуқуқи худ аст.

Сухангӯи Ҳамос тасреҳ кард: Мардуми Фаластин ва муқовимати онҳо бо вуҷуди дастгоҳи зулми саҳюнистӣ ба муборизаи машруъи худ барои таъмини ҳаққи зиндагӣ дар озодӣ ва иззат идома хоҳанд дод .
Бомдоди якшанбе манобеи маҳаллии фаластинӣ аз ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба аҳдофе дар ҷанубу шимол ва ғарби навори Ғазза хабар доданд .
Ҳозими Қосим дар бахши дигаре аз суҳбатҳояш аз интихоби Солеҳ Алорурӣ ба унвони раиси дафтари ин ҷумбиш дар Каронаи Бохтарӣ хабар дод .

Алорурӣ яке аз сарони аршади муқовимати Фаластин ва муовини дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос аст, ки дар таъсиси гурдонҳои Алқисом ба унвони шохаи низомии ин ҷумбиш низ нақши муҳимме ифо кардааст .



Бештар бихонед :