Июл 10, 2021 11:01 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи Арабистони Саудӣ дар \
    Эътилофи Арабистони Саудӣ дар \"Ал-Байза\" талафоти вазнин дод

Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман эълом кард, нерӯҳои эътилофи саудӣ дар устони "Ал-Байза" бо зарбаҳои вазнини артиш ва нерӯҳои мардумии Яман мувоҷеҳ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; «Муҳаммади Абдусалом » сухангӯи  Ансоруллоҳи вобаста ба давлати наҷоти миллии Яман дар паёме дар Твиттер навишт: Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ҳар ҷибҳа ва дар ҳар сатҳе танҳо шикастро таҷриба мекунад.

 

Абдусалом  афзуд, эътилофи саъӯдӣ дар устони Ал-Байза дар маркази Яман бо заработи шадиде мувоҷеҳ шудааст ва дар манотиқи дигар ҳам бо шикаст рӯбарӯ хоҳад шуд.

Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, мутаҷовизони ҳар қадар дар идомаи ҳамалот ва таҳмили муҳосираи Яман пофишорӣ кунанд, ирода ва азми мардуми ин кишвар заъиф нахоҳад шуд.

Рӯзи якшанбе шуморе аз фармондеҳони Ал-Қоида бар асари оташи тӯпхонаи нерӯҳои Ансоруллоҳи Яман дар устони Ал-Байза ба ҳалокат расиданд.

Пештар манобеи маҳаллӣ дар устони Марб «Ожонси матбуоти Яман » гуфта буданд, нерӯҳои эътилофи саъӯдӣ бо истифода аз аносури Ал-Қоида дар садад гушудани ҷибҳаҳои ҷадиде дар устони Ал-Байза ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп