Июл 20, 2021 13:05 Asia/Dushanbe
  • Хабаргузории расмии Сурия хабар дод, ки режими саҳюнистӣ ба минтақаи Ал-Сафира дар ҷануби Ҳалаб ҳамла кардааст.
    Хабаргузории расмии Сурия хабар дод, ки режими саҳюнистӣ ба минтақаи Ал-Сафира дар ҷануби Ҳалаб ҳамла кардааст.

Хабаргузории расмии Сурия хабар дод, ки режими саҳюнистӣ ба минтақаи Ал-Сафира дар ҷануби Ҳалаб ҳамла кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз хабаргузории расмии Сурия (Сана), Вазорати дифои Сурия дар баёнияе эълом кард, бомдоди сешанбе душмани исроилӣ як таҷовузи ҳавоӣ ба ҷануби шарқи Ҳалаб анҷом дод ва манотиқе дар ал-Сафираро  ҳадаф гирифт, аммо падофанди ҳавои ин кишвар  таҷовузи режими саҳюнистиро дафъ кардааст.

Бархе манобеи хабарӣ гузориш додаанд, корхонаҳои низомии Сурия дар шаҳри ал-Сафира, ки дар ҷануби Ҳалаби Сурия воқеъ шудаанд ҳадафи режими саҳюнистӣ аз ин таҷовуз будаанд.

Артиши режими саҳюнистӣ моҳи гузашта низ минтақаи «Кунейтра » дар ҷануби Сурияро ҳадафи ҳамлаи тӯпхонае қарор дода буд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба сурати мутановиб бо истифода аз ҳарими ҳавои Лубнон ё аз тариқи баландиҳои ишғолии Ҷавлон ба самти аҳдофе дар шарқу шимоли ғарби Сурия ҳамалоти мушакӣ анҷом медиҳанд.

Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милали мустақар дар Лубнон борҳо гузориш додаанд режими саҳюнистӣ рӯзона қатъномаҳои Созмони Милалро нақз карда ва ба ҳарими ҳавои Лубнон таҷовуз мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп