Шаҳодати ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист
Манобеи хабарӣ бомдоди чаҳоршанбе аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Маъо”-и Фаластин, Шодӣ Умар Лутфӣ Салими 41 сола дар камини сарбозони ишғолгар дар рӯстои Бито воқеъ дар ҷануби Наблос ба зарби гулӯла ба шаҳодат расид.
Низомиёни саҳюнист рӯзи сешанбе ба садҳо фаластинӣ, ки дар рӯстои Бито воқеъ дар ҷануби Наблос алайҳи ишғолгарии саҳюнистҳо таҷаммуъ карда буданд, ҳамла карданд.
Ҳилоли Аҳмари Фаластин сешанбешаб эълом кард, 49 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ дар ҷануби Наблос захмӣ шуданд.
Низомиёни саҳюнист рӯзи душанбе низ зимни юриш ба манозили теъдоде аз фаластиниёни сокини Каронаи Бохтарӣ, даҳҳо нафар аз онҳоро боздошт ва ба макони номаълуме мунтақил карданд.
Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеъаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳамла ва фаластиниёнро бо иддаоҳои беасос боздошт мекунанд.
Ҳамакнӯн 4700 фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд, ки 250 нафар аз онон кӯдак ва 47 нафар ҳам зан ҳастанд.
Бештар бихонед: