Июл 31, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • Замӣ шудани 168 фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ

Ҳилоли Аҳмари Фаластин ҷумъашаб аз захмӣ шудани дастикам 168 фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба тазоҳуркунандагони фаластинӣ хабар дод.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард, низомиёни саҳюнист бо шиллики гулӯлаҳои ҷангӣ ва пластикӣ ва низ гази ашковар ба саркӯби фаластиниҳо пардохтаанд.

Бар асоси эъломи Ҳилоли Аҳмари Фаластин, 5 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи ҷангӣ,  24 нафар бо гулӯлаҳои пластикӣ, 132 нафар бар асари гази ашковар ва ҳафт фаластинӣ низ бар асари лату куб осеб диданд.

Шаҳраки Бито дар ҷануби Наблос дар Каронаи Бохтарии руди Урдун дар ҳафтаҳои ахир борҳо шоҳиди тазоҳуроти фаластиниён алайҳи ишғолгарӣ ва шаҳраксозиҳои ғайриқонунии режими ишғолгари саҳюнистӣ будааст.

Режими саҳюнистӣ ҳамвора бетавваҷуҳ ба хости ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин идома медиҳад ва дар ин замина ҳимояти Амрикоро бо худ дорад.

Тамомии ин шаҳракҳо, бар асоси қавонини байналмилалӣ ғайриқонунӣ ҳастанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид 23 декабри 2016 дар қатъноман (қатъномаи 2334), аз режими саҳюнистӣ хост батаври комил тамомии фаъолиятҳои шаҳраксозии худро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мутаваққиф кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп