Август 09, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба манотиқи марзии Яман

Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ бо шиллики чанд ракета манотиқи марзии Яманро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши “Алмаёдин”, дар ин ҳамалот минтақаи марзии Раҳба, воқеъ дар ҷануби устони Маъриб ҳадафи ҳамалоти ҷангандаҳои эътилофи саудӣ қарор гирифт.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ имрӯз минтақаи марзии Алфаръ дар шарқи устони Саъда, дар шимоли Яманро низ бо ду ракетаи T мавриди ҳамла қарор доданд.

Ин дар ҳолест, ки эътилофи саудӣ дар 24 соати гузашта 196 бор оташбас дар устони Алҳудайда, дар ғарби Яманро ҳам нақз кардааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз 17 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп