Август 10, 2021 10:19 Asia/Dushanbe
  • Сайид Ҳасан Насруллоҳ: Азодории моҳи Муҳаррам аз неъматҳои бузурги Илоҳӣ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: бояд ба хотири ойини азодории моҳи Муҳаррам Худоро шокир буд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии худ ба муносибати фаро расидани моҳи Муҳаррам ва айёми сӯгвории имом Ҳусайн (а) моҳи шаҳодати аҳли байти расули Худо (с) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият гуфт ва ойини азодории моҳи Муҳаррамро аз неъматҳои бузурги Илоҳӣ хонд, ки бояд ба хотири он Худоро шокир буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома бо ишора ба хатари корона, зимни тавсия ба риояти протоколҳои беҳдоштӣ дар маҷлисҳои азодорӣ хотирнишон кард: Ҳама бояд бо ҳамкорӣ ва рафторҳои дуруст бобати неъматҳои азодорӣ ва саломатӣ шукри онро ба ҷой биоваранд.

Меҳвари аслии суханони шаби аввали дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳиҷрати набавӣ буд.

Имрӯз (сешанбе), 19 мурдоди 1400 ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо даҳуми августи 2021, аввали моҳи Муҳаррамулҳароми соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон, на танҳо аз аҳамияту ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчӣ мегузарад, паёми Ошӯро густардатару ойинҳои азодорӣ бо шӯру дарки бештаре баргузор мешавад.

Имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми Муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед: