Радди пешниҳоди баррасии ронандагии занон дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i7222-Радди_пешниҳоди_баррасии_ронандагии_занон_дар_Арабистон
Маҷмааи машваратии Арабистон, пешниҳоди баррасии масъалаи ронандагии занонро дар ин кишвар рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 03, 2016 11:03 Asia/Dushanbe
  • Радди пешниҳоди баррасии ронандагии занон дар Арабистон

Маҷмааи машваратии Арабистон, пешниҳоди баррасии масъалаи ронандагии занонро дар ин кишвар рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, пешниҳоди баррасии мавзуи ронандагии занон дар Арабистон, ки барои тасвиб ба 50 дарсад ба илова як раъйи Маҷмааи машваратии Арабистон ниёз дошт, раъй наовард.

Арабистон танҳо кишвари ҷаҳон аст, ки занон дар он ҳаққи ронандагӣ надоранд. 

Масъалаи ронандагии занон дар Арабистон ҳамчунон муъзали ҳал нашудааст ва бархе фаъолони зан дар ин кишвар, дар эътироз ба ин масъала, пушти фармони худрав нишаста ва тасовире аз худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардаанд.

Пеш аз ин, 14 ҳазор зани арабистонӣ бо имзои тӯморе (мактубе) аз режими Оли Сауд хоста буданд, қавонини дасту погир ва ғайримантиқии зидди занони ин кишварро лағв кунад.