Паёми Бағдодӣ ба террористҳои ДИИШ: Аз Мӯсил фирор накунед
Расонаҳои вобаста ба ДИИШ эълом карданд, саркардаи ин гурӯҳи террористӣ дар як паёми савтӣ аз диишиҳо хостааст, аз Мӯсил фирор накунанд.
Ба гузориши шабакаи СНН, ҳамзамон бо вуруди неруҳои артиши Ироқ ба дохил маҳаллоти шарқи шаҳри Мӯсил, расонаҳои вобаста ба ин гурӯҳи террористӣ, паёми савтии мансуб ба Абубакр Бағдодӣ- халифаи худхондаи ДИИШ-ро мунташир кардаанд, ки дар он, вай аз аъзои ДИИШ мехоҳад дар баробар неруҳои артиши Ироқ биистанд ва Мӯсилро тарк накунанд.
Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз интишори ин паёми савтӣ тақвияти рӯҳияи террористҳо бо таваҷҷуҳ ба шикастҳои ахири онҳо дар ҷабҳаи Мӯсил аст.
Абубакр Бағдодӣ дар паёми савтии худ, хитоб ба аъзои ДИИШ, ки дар шабакае ба номи "Алфурқон" мунташир шуда, мегуяд: «мондан ва ҷангидан ҳазор бор шарофатмандонатар аз гурехтан ва ақибнишинии буздилона аст.»
Охирин паёми Бағдодӣ хитоб ба аъзои ДИИШ, дар декабри соли 2015 мунташир шуда ва интишори паёми ҷадиди ӯ, нишондиҳандаи аҳамияти пешрафтҳои ахири неруҳои ироқӣ дар баробар террористҳо аст.