Август 25, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ аз тарси фаластиниёни Ғазза низомиёни худро тақвият мекунад

Режими саҳюнистӣ аз тасмими худ барои ирсоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии бештар ба марзи борикаи Ғазза, ба далели нигаронӣ аз иқдомоти фаластиниён дар ин минтақа хабар дод.

Ба гузориши “Русия Алявм”, мақомҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, бо тавваҷуҳ ба афзоиши таҳаррукот ва эътирозҳои мардуми Фаластин алайҳи муҳосираи Ғазза, ин режим тасмим гирифта нерӯҳои низомии бештареро ба марзи шимолии Ғазза фиристад.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар твитте навишт: Бо тавваҷуҳ ба арзёбии авзои амниятӣ ва омодагии артиш барои муқобила бо фаластиниҳо дар ҳисори амниятии Ғазза, тасмим гирифта шуд, ки бори дигар бо тақвияту эъзоми низомиёни бештар, нерӯҳои артиш дар ин минтақа тақвият шаванд.

Манобеи расонаӣ пеш аз ин низ хабар доданд, артиши режими саҳюнистӣ пас аз нокомӣ дар муқобила бо тазоҳуроти фаластиниён дар марзи Ғазза, ба сохти девори ҷадид дар ин минтақа рӯй овардааст.

 

Бештар бихонед: