Талафоти инфиҷори Диёр-Боқири Туркия
Ноябр 04, 2016 20:33 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Туркия аз кушта шудани 8 нафар ва захмӣ шудани беш аз сад нафар дар инфиҷори устони Диёр-Боқир, дар шарқи ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Беналӣ Йилдирим зуҳри имрӯз бо ҳузур дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар инфиҷори соати 8 –и бомдоди имрӯз дар маҳаллаи Боғлори устони Диёр-Боқир ду маъмури полис низ кушта шудаанд.
Йилдирим бо ишора ба кушта шудани шаш шаҳрванди оддии турк дар ин воқеа гуфт, 93 тан аз захмиҳо пас аз мудово аз бемористон мурраххас шуданд.
Вай афзуд, дар ин инфиҷор фарди террорист низ кушта шудааст.