Сентябр 12, 2021 09:22 Asia/Dushanbe
  • Даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар Каронаи бохтарии руди Урдун

Манобеи хабарии фаластинӣ аз даргирии низомиёни саҳюнист бо ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдун хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Само, низомиёни саҳюнист шанбешаб дар ҷустуҷӯии асирони фирорӣ дар рӯстои Аларфаи шаҳри Ҷанин буданд, ки ҷавонони фаластинӣ дар наздикии урдӯгоҳи « Ақабаи ҷабр » дар « Ариҳо » бо низомиёни саҳюнист даргир шуданд ва саҳюнистҳо низ ба самти онон тирандозӣ карданд.
Низомиёни саҳюнист ҳамчунин се ҷавони фаластиниро дар ҷараёни даргирӣ дар урдӯгоҳи « Алъаруб » дар Алхалил боздошт карданд .
Манобеи маҳаллии ҳозир дар « Қилқилия » низ хабар доданд дар даргирии низомиёни саҳюнист бо ҷавонони фаластинӣ наздики вурудии шаҳраки «Узун », саҳюнистҳо ба самти фаластиниён тирандозӣ карданд.
Шаш асири фаластинӣ ҳафтаи гузашта муваффақ шуданд аз тариқи кандани тунел дар зиндони фавқамниятии Ҷалбуъ-воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолӣ, аз зиндон фирор кунанд.
Режими саҳюнистӣ аз ҳафтаи гузашта ҷустуҷӯ барои пайдо кардани ин асиронро оғоз карда буд ва рӯзи ҷумъа ду тан аз ин асиронро боздошт кард ва расонаҳои ин режим субҳи шанбе низ аз боздошти ду асири фирории фаластинии дигар хабар доданд ва бинобарин то кунун чаҳор асир аз маҷмӯи шаш асири фирорӣ боздошт шудаанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп